«Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон». Дар Вазорати фарҳанг таҳти ин унвон мизи мудаввар доир гардид
ДУШАНБЕ, 25.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қисмати зиёди асарҳои ба озмун пешниҳодшуда ҷашнворагӣ набуда, бадеият ва касбият дар онҳо дида намешуд. Вақте бадеияту касбият дида намешавад, чӣ тавр метавон асарро намоишнома номид? Яке аз мушкилии дигари мо дар ин соҳа — ин нарасидани коргардонҳои касбӣ дар театрҳо мебошад. Пешниҳод менамоям, ки баҳри тарбияи каргардонҳои соҳавӣ курсҳои омӯзишии коргардонӣ ташкил карда шаванд.
Ин матлабро Раиси ҳакамони Фестивал-озмуни «Парасту-2021» Маҳмадулло Табаров зимни баргузории мизи мудаввар таҳти унвони «Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон», ки 24 майи соли равон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баён намуд.
Тавре аз Вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъомади мазкур, ки таҳти раёсати муовини аввали Вазири фарҳанг Обид Назариён баргузор гардид, санъатшиносон, коршиносон, мунаққидон, театршиносон, коргардонҳо ва ҳунармандони варзидаи театр иштирок намуда, оид ба асарҳои ба Фестивал-озмуни «Парасту-2021» пешниҳодшуда ибрози назар намуданд.
Аз ҷумла, мунаққид Ҷумъа Қуддус зикр кард, ки «Дар намоишномаҳои фестивали имсолаи «Парасту» драматургия дида намешуд. Пеш аз он, ки саҳна месозед, сараввал драмма созед. Пешниҳод менамоям, ки барои баланд бардоштани сатҳи касбии драматургон курсҳои омӯзишии драматургия ташкил карда шавад».
Коргардони шинохтаи тоҷик Давлат Убайдуллоев аз ҳунармандони ҷавон даъват ба амал овард, то бештар мутолиа намоянд, таърихро омӯзанд, забонҳои тоҷикӣ ва хориҷиро аз худ намоянд. Номбурда низ пешниҳод намуд, ки барои пешрафти кори коргардонӣ як озмоишгоҳи коргардонӣ ташкил карда шавад, то коргардонҳои ҷавони имрӯза тавонанд аз ин курсҳои омӯзишӣ баҳри пешрафти санъати театрӣ истифода баранд.
Профессор Тамара Абдушукурова зимни суханронии хеш аз ташаббускорон, ҳунармандон барои баргузории Фестивал-озмуни “Парасту-2021” изҳори сипас намуда, пешниҳод намуд, ки дар назди вазорат хазинаи маданият ташкил карда шавад, то барои беҳтар гардидани савияи дониши коргардонҳо, драматургҳо, ҳунармандони касбӣ курсҳои омӯзишӣ доир гарданд.
Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2021» ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон охири моҳи майи соли равон баргузор мегардад.Даври минтақавии фестивал нимаи аввали моҳи апрел гузаронида шуд. Айни замон масъулини аксари театрҳои мамлакат номгӯи намоишҳои нави худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод намуда, аз ҳаводорону шавқмандон даъват ба амал овардаанд, ки толорҳои театрҳои ҷумҳуриро холӣ намонда, ҳунармандонро мухлисӣ кунанд.
Хотиррасон менамоем, ки Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад.











Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид






