Вазорати нақлиёт: Чин минбаъд контейнерҳои холиро қабул мекунад
ДУШАНБЕ, 28.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба таваҷҷуҳи интиқолдиҳандагони ватанӣ расонида мешавад, ки аз 17 майи соли равон ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин контейрнерҳои холии дар ҳамлу нақли автомобилӣ истифодашавандаро, ки бо бор ба Тоҷикистон оварда шудаанд, бозпас қабул мекунад.
Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад, менависад АМИТ «Ховар».
Тартиби мазкур дар асоси Протоколи ҷаласаи сеюми гурӯҳҳои кории механизми муштарак оид ба пешгирӣ ва назорати эпидемия дар сарҳад байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғури Чин, ки 27 апрели соли 2021 тариқи маҷозӣ баргузор гардида буд, амалӣ мегардад.
Дар робита ба маҳдудият ҳангоми паҳншавии бемории ҳамагири COVID-19 соли гузашта бо контейнерҳое, ки аз Чин ба Тоҷикистон бор оварда мешуд, бозпас гирифта намешуданд ва бори навбатиро бо контейнери нав меоварданд. Ҳоло барои бозпас гирифтани контейнерҳо аз интиқолдиҳандагони ватанӣ иҷозат дода шуд.
Акс аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон








Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд






