13 июн дар Душанбе Ниммарафони байналмиллалии Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
ДУШАНБЕ, 11.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13 июни соли равон дар шаҳри Душанбе Ниммарафони байналмиллалии Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад. Масофаи Ниммарафон 21 километру 97 метрро дар бар гирифта, он аз назди «Эстакадаи Қарияи боло»- хиёбони Исмоили Сомонӣ 70 оғоз шуда, дар майдони Исмоили Сомонӣ хотима меёбад. Сабқати мазкур соати 08:00 оғоз мегардад. Хоҳишмандон бояд худро рӯзҳои 11 -12 июн ба қайд гирифта, ҳамчунин маълумотномаи тиббӣ пешниҳод намоянд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар Ниммарафони байналмиллалии СҲШ шахсони алоҳида ва кормандони корхонаю ташкилот, муассисаҳои ватанию хориҷӣ метавонанд ширкат варзанд. Дар дави мазкур занону мардон ҳуқуқи иштирок намуданро доранд. Ғолибонро медал ва мукофотҳои пулӣ (аз 300 то 1500 доллар) интизор аст.
Ёдовар мешавем,ки Ниммарафони байналмилалӣ дар доираи раисии Тоҷикистон дар СҲШ доир шуда, мақсад аз он тақвияти ҳамкории кишварҳои аъзои созмон тавассути баргузории чорабиниҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ, рушди сайру саёҳати дохила ва беруна, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби пайвастаи сокинон ба бозиҳои варзишию тарбияи ҷисмонӣ мебошад.
Акс аз бойгонӣ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






