15 июн Маҷлиси намояндагон озмуни «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология»-ро ҷамъбаст менамояд
ДУШАНБЕ, 11.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз моҳи июни соли 2020 бо ташаббуси бевоситаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» эълон гардид. 15 июн озмуни мазкур ҷамъбаст гардида, ғолибони он дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Маҷлиси намояндагон бо диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Инчунин ба иштирокчиёни фаъоли озмун туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад.
Тавре аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибқи шартҳои озмун иштирокчиён асару мақолаҳо, инчунин нигориш, филм, реклама, асари илмии худро оид ба масоили мухталифи ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, обшавии бесобиқаи пиряхҳо, раванди татбиқи энергияи сабз, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои об, замин, олами набототу ҳайвонот ва дигар масъалаҳои экологиро аз нигоҳи ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намуда, дар воситаҳои ахбори омма интишор намуданд.
Дар ин муддат аз ҷониби аҳли зиё ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла олимону рўзноманигорон, мутахассисони касбӣ, омўзгорони муассисаҳои олӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, унвонҷўёну аспирантон, инчунин мактаббачагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, аз тамоми шаҳру навоҳи ва минтақаҳои ҷумҳурӣ, ҳамагӣ бо теъдоди 83 нафар асару мақолаҳо, гузоришу нигоришҳо ва маводҳои худро бо забонҳои давлатӣ (64 адад), русӣ (18 адад) ва англисӣ (4 адад) пешниҳод намуданд. Комиссияи озмун маводҳоро тибқи салоҳияти худ мавриди омўзишу таҳлил ва баррасӣ қарор дод.
Асару мақола, гузоришу нигоришҳое, ки пешниҳод шудаанд, масъалаҳои муҳими вазъи экологии ҷумҳуриро вобаста ба тағйирёбии иқлим дар шароити муосири рушд фарогир буда, ба масъалаҳои оқилонаву самаранок истифодабарии захира ва сарватҳои табиии кишвар, роҳу усулҳои ҳимояи унсурҳои экологӣ, аз ҷумла пешгирии обшавии бесобиқаи пиряхҳо, ҳифзи олами набототу ҳайвонот, ҳавои атмосфера, идоракунии партовҳо, кам кардани таъсири партовҳои саноатӣ ва маишӣ, газҳои гулхонавӣ ва амсоли онҳо ҷиҳати таъмини рушди устувор ва зиндагии шоистаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ бахшида шудаанд.








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд






