15 июн Маҷлиси намояндагон озмуни «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология»-ро ҷамъбаст менамояд

Июнь 11, 2021 12:01

ДУШАНБЕ, 11.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ  аз моҳи июни соли 2020 бо ташаббуси бевоситаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» эълон гардид. 15 июн озмуни мазкур ҷамъбаст гардида, ғолибони он  дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Маҷлиси намояндагон  бо диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Инчунин ба иштирокчиёни фаъоли  озмун туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад.

Тавре аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибқи шартҳои озмун иштирокчиён асару мақолаҳо, инчунин нигориш, филм, реклама, асари илмии худро оид ба масоили мухталифи ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, обшавии бесобиқаи пиряхҳо, раванди татбиқи энергияи сабз, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои об, замин, олами набототу ҳайвонот ва дигар масъалаҳои экологиро аз нигоҳи ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намуда, дар воситаҳои ахбори омма интишор намуданд.

Дар ин муддат аз ҷониби аҳли зиё ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла олимону рўзноманигорон, мутахассисони касбӣ,  омўзгорони муассисаҳои олӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, унвонҷўёну аспирантон, инчунин мактаббачагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ,  аз тамоми шаҳру навоҳи ва минтақаҳои ҷумҳурӣ, ҳамагӣ бо теъдоди 83 нафар асару мақолаҳо, гузоришу нигоришҳо ва маводҳои худро бо забонҳои давлатӣ (64 адад), русӣ (18 адад) ва англисӣ (4 адад) пешниҳод намуданд. Комиссияи озмун маводҳоро тибқи салоҳияти худ мавриди омўзишу таҳлил ва баррасӣ  қарор дод.

Асару мақола, гузоришу нигоришҳое, ки пешниҳод шудаанд, масъалаҳои муҳими вазъи экологии ҷумҳуриро вобаста ба тағйирёбии иқлим дар шароити муосири рушд фарогир буда, ба масъалаҳои оқилонаву самаранок истифодабарии захира ва сарватҳои табиии кишвар,  роҳу усулҳои ҳимояи унсурҳои экологӣ, аз ҷумла пешгирии обшавии бесобиқаи пиряхҳо, ҳифзи олами набототу ҳайвонот, ҳавои атмосфера, идоракунии партовҳо, кам кардани таъсири партовҳои саноатӣ ва маишӣ, газҳои гулхонавӣ ва амсоли онҳо ҷиҳати таъмини рушди устувор ва зиндагии шоистаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ  бахшида  шудаанд.

Июнь 11, 2021 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд