26-27 июн бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ доир мегарданд

Июнь 23, 2021 11:33

ДУШАНБЕ, 23.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26-27 июни соли равон бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мешаванд.  Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар  даври мазкур,  дастаҳои  футболи  КМВА-и шаҳри  Душанбе  бо «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Душанбе»-и шаҳри Душанбе  бо «Файзканд»-и ноҳияи  Восеъ,  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо «Эсхата»и шаҳри Хуҷанд  ва «Равшан»-и  шаҳри Кӯлоб  бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  байни ҳам рақобат мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки  20-21 июни соли равон бо баргузор шудани бозиҳои даври даҳум марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ оғоз ёфта буд. Дастаи нави лигаи олӣ «Эсхата»-и  шаҳри Хуҷанд дар ин давр бар дастаи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғалаба карда, ба ҷои аввали ҷадвали чемпионат баромад. Дар дақиқаи 21-и бозии «Эсхата» ва «Душанбе» Даниел Тэгу аз дастаи «Душанбе» ҳисобро боз кард. Вале ҳамдастааш Фарҳод Қосимов ба дарвозаи дастаи  худашон гол зада, ҳисобро баробар намуд. Баъд аз ин футболбозони пойтахт ба худ наомаданд ва мизбонон ду голи дигар заданд. Ин корро Боҳирҷон Сангинбоев дар дақиқаи 48 ва Парвиз Алиев дар дақиқаи 94 иҷро карданд.

Дар бозии дигар бошад,  дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бар дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби  2:1 пирӯз шуд. Голҳои дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтарро  Сунатулло Исмоилов, Нуриддин Ҳамроқулов, голи дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъро Маҳмадалӣ Содиқов ба номашон сабт карданд.

Дар бозии марказии давр  дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  дастаи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуд. Панҷ голи ин вохӯрии ҷолибро бозингарони  дастаи  «Истиқлол» заданд – 4 тӯб ба дарвозаи ҳариф тавассути зарбаҳои нишонраси Рустам Соиров, Муҳаммадҷон Раҳимов, Манучеҳр Ҷалилов, Рёта Нома, як тӯб ба дарвозаи худ – Алексей Ларин.Дар ду бозии дигар дастаҳои футболи   «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бар «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бар КМВА-шаҳри Душанбе бо ҳисоби якхелаи 2:1 ғалаба карданд.

Чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 10-ум

«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 4:1

Голҳо: Рустам Соиров, 3 (1:0). Муҳаммаҷон Раҳимов, 33 (2:0). Алексей Ларин, 46 (худгол) (2:1). Манучеҳр Ҷалилов, 55 (3:1). Рёта Нома, 69 (4:1).

«Куктош» – «Равшан» – 1:2

Голҳо: Аваз Қамчинов, 43 (0:1). Ҳасан Рустамов, 59 (0:2). Амирҷон Сафаров, 61 (1:2).

«Истаравшан» – КМВА – 2:1

Голҳо: Илҳом Баротов, 48 (1:0). Илҳом Баротов, 85 (2:0). Шодибек Ғаффоров, 87 (2:1).

«Файзканд» – «Хатлон» – 1:2

Голҳо: Сунатулло Исмоилов, 8 (0:1). Нуриддин Ҳамроқулов, 35 (0:2). Маҳмадалӣ Садиқов, 90+3 –пеналти (1:2).

«Эсхата» – «Душанбе» – 3:1

Голҳо: Даниэл Тэгу, 21 (0:1). Фарҳод Косимов, 29 – (худгол) (1:1). Боҳирҷон Сангинбоев, 48 (2:1). Парвиз Алиев, 90+4 (3:1).

Ҳамин тариқ, бо натиҷагирӣ аз 10 даври бозиҳо дастаи футболи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо 17 хол ба ҷои аввали ҷадвали чемпионат баромад. Дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо як хол камтар дар ҷои дуюм,  дастаи  футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бошад, бо 15 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

Б Ғ М Б Голҳо +/- Х
1 «Эсхата» (Хуҷанд) 10 5 2 3 19-15 +4 17
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 9 5 1 3 18-12 +6 16
3 «Хатлон» (Бохтар) 9 4 3 2 11-18 -7 15
4 «Равшан» (Кӯлоб) 9 3 3 3 12-12 0 12
5 «Истаравшан» (Истаравшан) 9 3 3 3 10-10 0 12
6 «Файзканд» (Восеъ) 9 3 3 3 9-9 0 12
7 «Куктош» (Рӯдакӣ) 10 3 2 5 11-18 -7 11
8 «Истиқлол» (Душанбе) 4 3 1 0 8-2 +6 10
9 «Душанбе» (Душанбе) 9 2 3 4 14-19 -5 9
10 КМВА (Душанбе) 10 1 3 6 10-17 -7 6

 

Июнь 23, 2021 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд