41 нафар хонандагони Литсейи шаҳри Хуҷанд дар Олимпиадаи байналмилалӣ «IMAC – online»-и Англия ғолибият ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 10.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 41 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар даври финалии Олимпиадаи байналмилалии Англия ғолибият ба даст оварданд.
Тавре аз маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика бо забони англисӣ «IMAC – online» тариқи фосилавӣ баргузор шуда, дар он 50 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд аз рӯи се қишри синну солӣ иштирок намуданд.
Дар натиҷаи эълони расмии Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи «IMAC – online» кишвари Англия аз 50 нафар хонандагони Литсей 41 — нафарашон ғолибиятро ба даст оварда, соҳиби 6 медали тилло, 17 медали нуқра ва 18 медали биринҷӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур аз се даври асосӣ: муқадамотӣ, интихобӣ ва финалӣ иборат буд.
Дар Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд кор бо хонандагони болаёқат ва гурӯҳҳои олимпӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳаракати олимпии литсей 180 хонанда шомил буда, дар соли хониши 2020-2021 хонандагони болаёқати ин муассиса дар 14 олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуданд.
Тибқи иттилои директори Литсей Сурайё Неъматова, дар соли хониши 2020-2021 толибилмони Литсей дар олимпиадаҳои ҷаҳонии HIPPO, FISO, SPELLING BEE, FIZTECH, FOXFORD, ARCHIMED, KANGOUROU, OLYMPIA, IMEC, BRICSMATH, MATH-CHALLANGE, ANTALYA дар кишварҳои Таиланд, Туркия, Федератсияи Россия, Англия, ИМА, Чин, Италия иштирок намуда, 154 медал – 51 медали тилло, 45 медали нуқра ва 58 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Инчунин хонандагони болаёқати Литсей ба даври финалии озмуни байналмиллалии HIPPO (Италия) роҳхат гирифта, мунтазири эълони натиҷаи расмии ғолибон ҳастанд.
АКСҲО аз МИҲД шаҳри Хуҷанд









Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд






