ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Аз 474 иншооти ҷашнии шаҳру деҳоти Исфара 435 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 09.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Исфара таҳти шиори «1300 – рӯзи меҳнати зарбдор» тадбирҳои шоиста роҳандозӣ мегарданд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар шаҳру деҳоти Исфара бунёду навсозиии 474 иншоот, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ пешбинӣ шуда, то имрӯз 435 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода аз як зумра иншооти ҷашнии маркази шаҳр боздид намуд.
Зимни шиносоӣ Раиси шаҳр таъкид намуд, ки иншооти ҷашнӣ бояд бо сифати баланди меъморӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии босифат бунёд карда шаванд.
Мавриди таъкид аст, ки бо бунёду таъмири иншооти гуногунии хоҷагии халқ симои деҳоту шаҳракҳо ва маркази шаҳри Исфара дигаргун шуда, барои сокинон ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта истодааст.
Баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат оид ба ширкати фаъолонаи соҳибкорон дар раванди корҳои бунёдкориву созандагӣ соҳибкорони Исфара бо нишони дастгирӣ аз сиёсати дурусти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътимоди қавӣ ба фардои неки Ватан дар ин маърака мавқеи пешсафиро ихтиёр намудаанд. Хусусан бо саҳми соҳибкорон имрӯз бунёди корхонаҳои саноатӣ, коркарди меваи хушк, иншоотҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ, биноҳои истиқоматӣ, таъмиру тармими иншоотҳои таъиноти гуногун босуръат идома дорад.
Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода зимни суҳбат бо масъулин ҷиҳати вусъати корҳои бунёдкорӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат, дастгирии иқдомҳои шоистаи шаҳрвандони мамлакат, инчунин иҷрои корҳои хайру савоб дастуру супоришҳои мушаххас дод.
АКСҲО аз МИҲД шаҳри Исфара








Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






