ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ. Дар Москва масъалаи ташкили павилйони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Иттиҳодро дар ВДНХ баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 июн дар ҳудуди ВДНХ-и Москва дар павилйони «Космос» ҷаласаи 90-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор мешавад. Роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои Иттиҳод як зумра масъалаҳои марбут ба соҳаҳои гуногуни ҳамкории иқтисодии кишварҳои узви ИДМ-ро баррасӣ мекунанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Рӯзномаи ҷаласа масъалаи ташкили марказҳои намоишӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви ИДМ дар Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ (ВДНХ)-и Москваро дар бар мегирад.
Айни ҳол, дар ҳудуди ВДНХ павилйонҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус фаъолият мекунанд ва павилйони Молдова дар ҳолати озмоишӣ ифтитоҳ шудааст. Интизор меравад, ки имсол павилйонҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба кор шурӯъ кунанд.
Қарор аст, ин марказҳои намоишӣ ва тиҷоратӣ дар баргузории чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии ИДМ, ки имсол ҷашн гирифта мешавад, фаъолона ширкат варзанд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, моҳи ноябри соли гузашта барқарорсозии павилйони Тоҷикистон дар ВДНХ аз ҷониби Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва мири пойтахти Россия Сергей Собянин баррасӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки павилйони Тоҷикистон (ДАР АКС) аз соли 1939 то 1965 дар ВДНХ ҷойгир буд. Сохтмони павилйон соли 1937 оғоз ёфта, соли 1939 ба итмом расида буд. Павилйон бо аркҳои фотимӣ, арабескҳо, витражҳо ва расмҳо оро дода шуда буд.
Дар солҳои 50-ум павилйонҳои ҷумҳуриҳои шӯравӣ аз нав сохта шуданд — онҳо соҳаҳои хоҷагии халқро намояндагӣ мекарданд. Бино соли 1965 аз таъмир бароварда шуда буд.
Зимни ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ, Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ дар бораи нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии рушди иқтисодии кишварҳои узви ИДМ барои соли 2020 ҳисобот пешниҳод мекунад.
Мониторинги мунтазами ин нишондиҳандаҳо, ки тибқи Қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ гузаронида мешаванд, имкон медиҳад, ки динамикаи рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои Иттиҳод, дараҷаи ҳамгироии онҳо, инчунин сиёсати иқтисодиро ба манфиати рушди устувор ва муқовимат бо падидаҳои буҳронӣ саривақт танзим кунанд.
Инчунин, ба аъзои Шӯрои иқтисодии ИДМ дар бораи натиҷаҳои иҷрои Нақшаи тадбирҳои афзалиятноки татбиқи Консепсияи ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар бахши энергетика ва Нақшаи чорабиниҳои афзалиятноки татбиқи Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар самти истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия маълумот дода мешавад.
Дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дар бораи модернизатсияи иқтидорҳои тавлидӣ ва иқтисоди шабакавӣ, самаранокии истифодаи онҳо, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика ва лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди муштараки иншооти энергетикӣ, масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва коҳиш додани истеъмоли энергия, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, мавқеъгирии энергетикӣ ба самти инноватсионӣ маълумот дода шудааст.
Иштирокчиёни ҷаласа Харитаи роҳро оид ба таҳия ва татбиқи барномаи миллии фитомониторинг ва мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони малах дар давраи то соли 2026, инчунин ҳуҷҷатҳои рушди ҳамкориро баррасӣ мекунанд.









Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






