БА ПЕШВОЗИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН. 5-6 июн дар боғҳои Душанбе силсилабарномаҳои фарҳангӣ доир карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 05.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи тақвими баргузории барномаҳои фарҳангӣ дар боғҳои пойтахт дар рӯзҳои истироҳатӣ, 5 июн Муассисаи давлатии «Ансамбли тарона ва рақси Сомон» дар Боғи «Устод Рӯдакӣ», бахши фарҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар Боғи «Ирам», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар Боғи «Кӯли ҷавонон», шаҳри Хоруғ дар Боғи «Абулқосим Фирдавсӣ» ва Донишгоҳи техникии Точикистон ба номи М. Осимӣ дар «Майдони 800- солагии Москва» барномаи фарҳангии хешро манзури сокинону меҳмонони пойтахт мегардонанд.
6 июн, рӯзи якшанбе бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар Боғи «Ҷавонон», Муассисаи давлатии «Ансамбли тарона ва рақси Сомон» дар «Боғи ба номи Садриддин Айнӣ», Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи «Устод Рӯдакӣ» ва шаҳри Ҳисор дар «Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» бо пешниҳоди барномаҳои рангини фарҳангӣ хотири иштирокдоронро болида мегардонанд.Барномаҳои фарҳангӣ аз соати 18:00 то 19:00 доир мешаванд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, шурӯъ аз моҳи майи соли равон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои пойтахт силсилабарномаҳои фарҳангӣ доир карда мешаванд. Ин иқдом бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо сурат гирифта, ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои пойтахт силсилабарномаҳои фарҳангӣ доир карда мешаванд.
АКС аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҶТ








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст






