«БЕШАИ ПАЛАНГОН» — МАМНӮЪГОҲИ НОДИРИ САЙЁРА. Санад барои ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид намудани он таҳия карда мешавад

Июнь 7, 2021 14:17

ДУШАНБЕ, 07.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳияи санадро барои ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил кардани мамнӯъгоҳи табиии «Бешаи палангон» шурӯъ кардааст, гузориш медиҳад «АП».

Мақоми мавзеи мероси ҷаҳонӣ барои дарёфти як зумра  имтиёзҳо ҳам дар самти муҳофизати табиат ва ҳам дар самти дастгирии ҳамаҷонибаи мамнӯъгоҳ мусоидат мекунад. Инҳо, пеш аз ҳама баланд шудани эътибор, афзалиятнокӣ барои ҷалби маблағҳо, рушд додани шаклҳои алтернативии истифодабарӣ, масалан туризми экологӣ ва боз бисёр чизҳои дигар мебошанд.

«Бешаи палангон» мамнӯъгоҳи нодири сайёра  аст, ки дар ҳудуди се ноҳия — Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Қубодиёни вилояти Хатлони Тоҷикистон воқеъ аст. Дар соли 1938 ба он мақоми мамнӯъгоҳ дода шудааст. Масоҳати мамнӯъгоҳ тақрибан 50 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Мамнӯъгоҳ ягона гӯшаи Замин аст, ки дар он маҷмааи тӯғайзори биёбонӣ боқӣ мондааст.

Мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» — яке аз ҷойҳои дидании Тоҷикистон — ба асари тағйирёбии иқлим зарар дидааст. Дар сурати ба Рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудани мамнӯъгоҳ, умедворем  ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад кард, ки   ин имкон медиҳад  мавзеи мазкур  ба шароити навӣ табиӣ мутобиқ гардад.

«Бешаи палангон» ҳамчун мамнӯъгоҳ имкон медиҳад, ки на танҳо табиат дар шакли ибтидоии он ҳифз карда шавад, балки  ҳамзамон  заминаи гузаронидани таҳқиқоти илмиро мусоид мегардонад. Дар ин ҷо конфронсҳои илмӣ доир мешуданд, олимон рисолаҳо дифоъ мекарданд, маърӯзаҳо, монографияҳо, мақолаҳо навишта мешуданд. Аз баракати саъю кӯшишҳои онҳо мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» дар хориҷи минтақа ҳам  машҳур гардидааст.

Мақоми мероси ҷаҳонии табиӣ метавонад онро дар сафи маъруфтарин минтақаҳои муҳофизатшавандаи ҷаҳон бигузорад ва барои рушди таҳқиқоти экологӣ дар Тоҷикистон такони нав бахшад. Олимон чунин мешуморанд, ки «Бешаи палангон» охирин захирагоҳи бузурги сайёра  бо наботот ва ҳайвоноти нодири тӯғайзорҳо мебошад.

 АКСҲО аз бойгонӣ

Июнь 7, 2021 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд