Бо мақсади пешгирӣ аз сирояти COVID-19 бо иштироки намояндагони марказҳои саломатии шаҳри Душанбе ҷаласа доир шуд

Июнь 23, 2021 10:01

ДУШАНБЕ, 23.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирӣ намудан аз сирояти COVID-19 ва  пурзӯр  намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ 22 июн дар  Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласа доир шуд.

Дар ҷаласаи мазкур директори  Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» Парвина Мухторова, директори Институти саломатии ИМА Ораш  Алоӣ ва намояндагони марказҳои саломатии шаҳри Душанбе, ки ба корҳои пешгирикунанда оид ба бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ фаъолият мекунанд, иштирок намуданд.

Парвина Мухторова  иброз дошт, ки пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунанда ҷиҳати COVID-19 ва таъмини аҳолӣ бо иттилооти саривақтӣ яке аз роҳҳои асосии паҳншавии вирус маҳсуб меёбад. Зеро омили асосии хуруҷи навбатии бемории мазкур дар бетаваҷуҳии шаҳрвандон мебошад. Дар  давраи паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки гигиенаи шахсиро риоя намояд ва саломатии худ ва наздиконро  дар хатар нагузорад.

Директори Институти саломатии ИМА Ораш  Алоӣ доир ба риоя намудани тавсияи мутахассисони соҳа,  истифодаи дурусти  ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба намояндагони марказҳои саломатӣ тавсияҳо дода, иброз дошт, ки танҳо дар якҷоягӣ  бо риояи дурусти тавсияҳои мутахассисон мо метавонем аз сироятёбӣ ба дилхоҳ беморӣ эмин монем.

Ёдовар мешавем, ки ба иттилои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  21 июни соли равон дар мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории COVID-19  ба қайд гирифта шуд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  санаи 21 июн 17 ҳолат ва 22 июн 15 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандони мамлакат ба бемории  коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 22 июн дар кишвар 13340 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Июнь 23, 2021 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад