Дар Душанбе ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Туркия оид ба сайёҳӣ баргузор гардид

Июнь 15, 2021 16:22

ДУШАНБЕ, 15.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои зиёд намудани парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ, содда намудани низоми дастрасии раводид, густариши ҳамкорӣ миёни ассотсиатсияву ташкилотҳои сайёҳӣ имрӯз дар ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Туркия оид ба сайёҳӣ, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар кори ҷаласа роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия, роҳбарият ва ҳайати Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода оид ба зарфиятҳои сайёҳии кишвар, ки қобили ҷалби сайёҳони дунё мебошанд, аз ҷумла қуллаҳои осмонбус, манзараҳои кўҳистоне, ки дар он ҷо чаҳор фасли солро мушоҳида кардан мумкин аст, намудҳои сайёҳии экологӣ, гастрономию аграрӣ, обҳои шифобахшу шаффоф, иншооти санаторию курортӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд, дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат ҳамчун самти афзалиятноки иқтисодӣ қарор доштани соҳаи сайёҳӣ ва дигар бартариятҳои хизматрасонии бозори сайёҳии Тоҷикистон маълумот дод.

Аз рӯи рӯзномаи ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои омори сайёҳӣ, зиёд намудани парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ҳарду кишвар, содда намудани низоми дастрасии раводид, густариши ҳамкориҳо миёни ассотсиатсияву ташкилотҳои сайёҳии ду кишвар, иштирок дар намоишгоҳҳи байналмилалӣ, омӯхтани имкониятҳои умумии таблиғ дар платформаи байналмилалӣ, ташкили инфотурҳо, дар доираи ҳамкориҳо аз ҷониби Туркия омўзонидани кормандони субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳии кишвар, аз ҷумла барои тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, марказҳои дилхушӣ, дарёфти самтҳои нави ҳамкорӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ ва дар ин самт ҷалб намудани сармоягузорони Туркия ба рушди инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон ва роҳҳои бартараф намудани оқибатҳои зарари пандемияи КОВИД-19-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷониби Туркия ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат баҳои баланд дода, омодагии худро баҳри густариши ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия иброз намуд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷониби Туркияро даъват намуд, ки дар шакли ҳузурӣ форумҳои ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва Туркия доир карда шаванд. Ин ташаббус бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи сеюми комиссия дар Ҷумҳурии Туркия баргузор карда шавад.

Ёдрас мешавем, ки 20 декабри соли 2019 дар шаҳри Истанбул ҷаласаи аввали Комиссияи муштараки соҳаи сайёҳии Тоҷикистону Туркия баргузор гардида буд.

Дар интиҳо байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонида шуд.

Қобили қайд аст, ки сафари ҳайати Ҷумҳурии Туркия дар кишвари мо аз рӯзи 14 июн оғоз гардида, то 17 июни соли ҷорӣ идома меёбад. Дар доираи сафар ҳамзамон мулоқоту музокироти ҳайати Туркия бо роҳбарияти вазоратҳои фарҳанг ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳамзамон, дар доираи сафари мазкур ҳайати Ҷумҳурии Туркия аз маконҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат дидан карда, аз тарзу усули пешниҳоди хизматрасонии роҳбаладон, менеҷерон ва пешхизматҳо аз наздик шинос мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Туркия соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои сердаромад ба ҳисоб рафта, аз рӯи маълумоти омори Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ 10% иқтисодиёти ин кишварро бахши сайёҳӣ ташаккул медиҳад.

Дар баробари ин, таҷрибаи ин кишвар ҷиҳати бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, хизматрасонӣ, роҳҳои муосири тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва идораи истироҳатгоҳҳо, омодасозии кадрҳои соҳа ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти сайёҳӣ қобили таваҷҷуҳ аст.

                           АКСҲО  аз Sputnik ва АМИТ «Ховар»

Июнь 15, 2021 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ тамошо намуданд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад