Дар Душанбе масоили ҷалби сармояи Россияро ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 07.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Россия яке аз шарикони асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар тӯли 10 соли охир он дар сохтори гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон мақоми аввалро ишғол мекунад. Дар ин бора зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Коренков гуфта шудааст.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зикр кард, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин муносибот байни кишварҳо ба сатҳи сифатан нави рушд баромадаанд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷонибҳо инчунин масъалаҳои ҷалби сармоягузориҳои Россияро ба иқтисоди Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи рақамисозӣ ва доир намудани конфронси байниминтақавии Тоҷикистону Россияро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд иброз доштанд.
Акс аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид






