Фурудгоҳи байналмилалии «Нурсултон Назарбоев» парвозҳоро ба Тоҷикистон афзоиш медиҳад

Июнь 9, 2021 11:14

ДУШАНБЕ, 09.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи байналмилалии «Нурсултон Назарбоев» парвозҳоро  бо Тоҷикистон ва боз бо 13 кишвари ҷаҳон оғоз намуд. Дар ин бора раиси Кумитаи авиатсияи граждании Қазоқистон Талгат Ластаев иттилоъ дод,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Казинформ».

 «Мутаассифона, авиатсияи гражданӣ  соҳаест, ки аз ҳама бештар аз пандемия зарар дид. Аммо аз аввали соли равон парвозҳо барқарор шуданд ва нишондиҳандаҳои асосӣ каме афзоиш ёфтанд.Аз аввали сол шумораи парвозҳо ба 47% расида, 2,5 миллион нафаррро фаро гирифт. Шумораи мусофироне, ки фуругоҳ  хидмат мерасонад ба  39% ё 4,6 миллион нафар зиёд шудааст. Имрӯзҳо дар саросари Қазоқистон парвозҳои дохилӣ пурра фаъол  гардидаанд»,- афзуд  Талгат Ластаев дар маросими ифтитоҳи гулгашти Авиаторон, ки ба 90-умин солгарди фурудгоҳ бахшида шудааст.

Вай гуфт  агар сухан дар бораи парвозҳои байналмилалӣ равад, ҳаракати ҳавоӣ бо 14 кишвар барқарор карда шудааст.

«Дар байни онҳо Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ӯзбекистон, Россия, Қирғизистон, Беларус, Украина, Германия, Гурҷистон, Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ, Миср, Нидерландия  ва Черногория ҳастанд. То имрӯз комиссия қарори иловагӣ баровардааст. Мо шумораи парвозҳо ба Анталияи Туркияро зиёд хоҳем кард. Мо инчунин дар самти афзоиши парвозҳо ба Украина ва Тоҷикистон кор карда истодаем», — тазаккур дод номбурда.

Тавре АМИТ Ховар қаблан бо истинод ба агентии «Sputnik» хабар дода буд, аз 10 июни соли равон Россия низ шумораи парвозҳои мунтазамро  бо Тоҷикистон зиёд мекунад. Интизор меравад, ки  дар масири Маскав — Душанбе дар як ҳафта боз як хастсайр роҳандозӣ гардад.

Июнь 9, 2021 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд