Литсеи касбӣ техникии ноҳияи Шуғнон бо таҷҳизоти муосири дӯзандагӣ таъмин гардид
ХОРУҒ, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муассиси давлатии таълимии Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Шуғнон дар асоси лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касби- техникӣ ва омӯзиш»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби 78 адад мошин ва таҷҳизотҳои дигари дӯзандагӣ гардид. Акнун дар баробари шогирдони литсей дар ин ҷо занону духтарони бешуғли ҷамоати деҳоти Навободи ин ноҳия ҳунари дӯзандагиро ёд мегиранд.
Ба гуфтаи директори литсеи мазкур Ҳалима Мамадаёзова, дар доираи ин лоиҳа Бонки Осиёии Рушд 78 адад мошинҳои дӯзандагӣ, ҳамчунин таҷҳизоти дигари заруриро ба муассиса дастрас намуд.
«Ҳоло ду синфхонаро ба коргоҳи дӯзандагӣ табдил додем, ки дар онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Дар як синфхона барои шогирдони литсей дарсҳои амалӣ баргузор мекунем ва дар синфхонаи дигар занони хонашини деҳа шуғли дӯзандагиро ёд мегиранд», -афзуд Ҳалима Мамадаёзова
Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки «дар навбати аввал, 20 нафар занони деҳа, ки бо касби дӯзандагӣ каму беш шинос ҳастанд, ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ин дӯзандагон дар баробари қабули дархост аз мизоҷон барои дӯхтани либосҳои миллӣ, ҳамчунин ду соат ба омӯзиши усулҳои нави дӯхти куртаҳои пурнақшу нигори тоҷикӣ машғул мешаванд. Солҳои қаблӣ пироҳани занонаро дастӣ ороиш медоданд, аммо ҳоло ин амалро мошинҳои муосири дузандагӣ низ анҷом медиҳанд. Талабот ба ин навъи куртаҳои тоҷикӣ сол аз сол бештар мегардад. Куртаҳои мӯди нав ҳатто таваҷҷӯҳи сайёҳони хориҷиро низ ба худ ҷалб мекунанд».
Тавассути барномаи мазкур барои хобгоҳи литсей 5 адад мошини ҷомашӯӣ, 14 тахтаи дарзмолкунӣ ва14 адад хушкунаку 14 дарзмол дастрас ва дар ихтиёри муҳасиллини ин муассиса қарор дода шуданд.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд






