Россия аз 10 июн иртиботи ҳавоиро бо ҳашт кишвари дигар барқарор ва теъдоди парвозҳоро бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиёд мекунад

Июнь 10, 2021 09:35

ДУШАНБЕ, 10.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Аз 10 июн Россия иртиботи мунтазами ҳавоиро бо Австрия, Маҷористон, Лубнон, Люксембург, Маврикий, Марокаш, Хорватия, инчунин парвозҳои чартериро ба Албания барқарор мекунад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости».

Мақомот парвозҳоро ба самтҳои зерин ду маротиба дар ҳафта иҷозат додаанд: Москва — Вена, Москва — Будапешт, Москва — Порт Луис, Москва — Рабат ва Москва — Загреб.

Парвозҳои Маскав — Бейрут ва Москва — Люксембург ҳафтае як маротиба сурат хоҳанд гирифт.

Барои парвозҳои чартерии Москва — Тирана ҳафтае як маротиба иҷозат дода шудааст.

Бар иловаи ифтитоҳи кишварҳои нав барои парвозҳо, Россия инчунин шумораи парвозҳоро ба Юнон дар масири Москва — Афина ҳафтае ду маротиба, бо Озарбойҷон (Москва-Боку), Арманистон (Москва-Ереван), Қатар (Москва-Доҳа) Ӯзбекистон (Москва — Тошканд) ва Тоҷикистон (Москва — Душанбе) — як парвоз дар як ҳафта, бо Миср (Москва — Қоҳира) ва Сербия (Москва — Белград) — то ҳафт парвоз дар як ҳафта зиёд мекунад.

Ғайр аз ин, Россия шумораи парвозҳоро дар масири Москва — Минск дар як ҳафта то даҳ маротиба ба асоси мутақобила зиёд мекунад. Ба парвозҳои иҷозатдодашуда масири Москва — Мюнхен илова шудааст (қаблан аз шаҳрҳои Олмон танҳо ба Берлин ва Франкфурт парвоз кардан мумкин буд).

Инчунин, аз 10 июн барои парвозҳо ба хориҷа аз фурудгоҳҳои байналмилалии Нижнекамск, Владикавказ ва Томск иҷозат дода мешаванд.

Бо сабаби пандемияи COVID-19, Россия аз 27 марти соли 2020 парвозҳои мунтазам ва чартериро бо дигар давлатҳо, ба истиснои парвозҳои интиқолӣ, инчунин ҳамлу нақли борҳо, почта, санитарӣ ва ғайра, қатъ карда буд. Аз моҳи августи соли гузашта ин кишвар тадриҷан барқарор кардани иртиботи ҳавоии байналмилалиро шурӯъ кардааст.

Ҳоло парвозҳо ба Швейтсария, Миср, АМА, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон, Сербия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Эфиопия, Финляндия, Ветнам, Ҳиндустон, Қатар, Юнон, Сингапур, Озарбойҷон, Арманистон, Олмон, Венесуэла, Сурия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Исландия, Мексика, Португалия, Арабистони Саудӣ, Британияи Кабир, Куба, Ҷазираҳои Сейшел, Малдив, Малта ва Шри-Ланка иҷозат дода шудаанд. Илова бар ин, қаблан дар Россия барои парвозҳо ба Танзания ва Туркия иҷозат дода шуда буд, аммо бинобар вазъи эпидемиологӣ, парвозҳоро ба кишвари якум қатъ ва ба кишвари охирин — маҳдуд карданд.

                                              АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2021 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад