Сокинони шаҳри Истаравшан низ аз туҳфаи арзишманди Пешвои миллат бархӯрдор гардиданд

Июнь 29, 2021 10:37

ДУШАНБЕ, 29.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Туҳфаи арзишманди Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба сокинони шаҳри Истаравшан низ дастрас гардид.

Тавре аз маркази матбуоти раиси шаҳри Истаравшан ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, шоҳасари мазкур аз ҷониби комиссияи босалоҳияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва рақамгузорӣ карда шуда, ба ҳар як хонавода ҳамчун туҳфаи таърихӣ ва рамзию арзишманд аз номи Сарвари давлат тақдим гардида истодааст. Айни замон тақсимоти китобҳо дар 10 ҷамоати деҳот ва 22 кумитаи маҳаллаи шаҳр муташаккилона ҷараён дорад.

Раиси шаҳри Истаравшан аз ҷараёни тақсимоти китоби мазкур боздид ба амал оварда, масъулини соҳаҳои мухталифи шаҳрро ҷиҳати расонидани ёрии ҳамаҷониба ба комиссияи босалоҳияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сари вақт ба аҳолӣ дастрас намудани туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваззаф намуд.

Сокинони шаҳри Истаравшан туҳфаи арзишманди Пешвои муаззами миллатро, ки ҳамчун шиносномаи миллат арзёбӣ мегардад, бо хушнудиву сарфарозӣ пазируфтанд ва миннатдории самимонаи хешро баён намуда, зикр доштанд, ки «ин туҳфаи гаронарзиш, ки  инъикосгари  таърихии ниёгони тоҷикон аст, баҳри баланд бардоштани хештаншиносӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рӯҳияи ватандӯстии насли ҷавон ва ҳувияти миллии ҳар шаҳрванди мамлакат заминаи устувор мегузорад».

Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру супоришҳои  маорифпарваронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бознашр ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар хонадони  мамлакат тақдим карда мешавад.

 АКСҲО: Маркази матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Июнь 29, 2021 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад