Тоҷикистон ҳамкориро бо САҲА дар самти ислоҳоти милитсия тақвият мебахшад
ДУШАНБЕ, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар доираи татбиқи Барномаи ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон Вазири корҳои дохилии чумҳурӣ Рамазон Раҳимзода бо роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Валериу Кивер мулоқот кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ ва таҳияи нақшаи корӣ барои татбиқи минбаъдаи “Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025” ибрози назар карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ислоҳоти милитсия се санади муҳим -“Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020″, «Барномаи рушди милитсия» ва «Нақша-чорабиниҳо оид ба татбиқи барнома барои солҳои 2013-2020” таҳия ва қабул карда шуданд.Аввалин ҳуҷҷат оид ба ислоҳоти милитсия – “Ёддошти тафоҳум” аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон 8 апрели соли 2011 ба имзо расидааст.
Бо мақсади татбиқи сиёсати ислоҳоти милитсия як қатор чораҳои амалӣ андешида шуданд. Ҳамин тариқ, дар доираи ислоҳоти милитсия Маркази тестии кормандони милитсия бо мақсади санҷиши сатҳи дониш ҳангоми ба кор қабул шудан, аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаштан, гирифтани рутбаи ҳарбӣ ва барои супоридани мукофотҳои давлатӣ таъсис дода шуд.
Дар чаҳорчӯбаи ислоҳот ба муовинони мудирони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ оид ба робита бо ҷомеа фаъолияти доимӣ ҷорӣ карда шуд. Дар назди Вазорати корҳои дохилӣ як Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба ислоҳоти милитсия таъсис дода шуд, ки он бо сохторҳои маҳаллӣ ва ҷамъиятии тамоми ҷумҳурӣ ҳамкорӣ мекунад.
Сомонаи расмии ВКД бо се забон сохта шудааст, ки шумораи зиёди истифодабарандагон дар бораи Стратегияи ислоҳоти милитсия ва барномаи рушди милитсия шарҳ ва таклифҳои худро пешниҳод мекунанд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи мустақили Ҳамоҳангсози миллии ислоҳоти милитсия ҷорӣ карда шуд. Дар доираи ислоҳоти милитсия телефони «Боварии Вазири корҳои дохилӣ» таъсис дода шуд, инчунин телефонҳои боварии роҳбарони РВКД дар шаҳрҳо ва минтақаҳо фаъолият мекунанд.Дар ҷараёни ислоҳоти милитсия иштироки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ омили муайянкунандаи таъмини амнияти ҷомеа мебошад.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо зикр карданд, ки мулоқоти имрӯза барои ҳамкории минбаъда ва расидан ба ҳадафи ниҳоӣ — ташкили чунин сохторе, ки ба интизориҳои ҷомеа ҷавобгӯ бошад ва симои нави корманди милитсия дар Тоҷикистонро муаррифӣ намояд, мусоидат менамояд.
АКС: ВКД ҶТ








Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии омилҳои хурофотӣ ва тафаккури ифротӣ вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи 10-уми вазирони давлатҳои аъзои СҲИ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ доир шуд
Агар бо ҳолати фавқулода рӯ ба рӯ гардем, бояд ба куҷо муроҷиат намоем?
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
Дар ноҳияи Шаҳритус ба ҷойи дарсхонӣ ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани хонандагон ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Чин мулоқот намуд
ЭҲТИЁТ-КАФИЛИ АМНИЯТ. Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи гази моеъ омили асосӣ барои ҳифзи ҷони инсон аст
Милитсияи шаҳри Душанбе беш аз 160 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандонро ошкор намуд
Дар Душанбе масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба хариду фурӯши одамон баррасӣ гардид
Ҳамкории милитсия ва соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар самти пешгирии ҷинояткории наврасону ҷавонон тақвият меёбад






