Тоҷикистон ва Россия ҳамкориро дар самти иқтисодӣ рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия густариш медиҳанд

Июнь 25, 2021 16:02

ДУШАНБЕ, 25.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия байни Тоҷикистон ва Россия дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Максим Решетников  дар Душанбе баррасӣ гардид.

Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон инчунин масоили марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иктисодии Тоҷикистону Россияро муҳокима намуданд.

Завқӣ Завқизода изҳор намуд, ки 8 майи соли 2021 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия  муҳтарам Владимир Путин баргузор гардида буд ва дар ин мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карда буданд, ки Федератсияи Россия шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Дар ҷараёни  вохӯрӣ, ҷонибҳо робитаҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳо баҳри таъмини афзоиши гардиши савдои хориҷӣ, аз ҷумла мубодилаи рӯйхати молҳои таҳвили тарафайн, баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Россия, таҳия ва таҳкими хамкории байниминтақавӣ дар доираи созишномаҳои баимзорасида, чорабиниҳо оид ба мубодилаи таҷриба байни мутахассисони ду кишвар дар соҳаи рушди савдои рақамиро матраҳ намуданд.

Инчунин ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар таҳияи пешгӯиҳои баландсифат, такмил додани механизмҳои мавҷудаи моделсозӣ ва истифодаи моделҳои нави рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таъсис додани корхонаҳои муштараки саноатӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари мулоқоти Завқӣ Звақизода ва Максим Решетников қарор гирифтанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда изҳор намуданд.

   Акс аз Вазорати  рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Июнь 25, 2021 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид