То имрӯз дар Кӯлоб 72,9 %- и кӯдакон бар зидди бемории фалаҷ иммунизатсия шуданд

Июнь 4, 2021 10:20

ДУШАНБЕ, 04.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи Кӯлоб рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди  бемории фалаҷ (полиомиелит)  идома дошта, дар он тамоми мутахасисони марказҳои марбута  сафарбар гардидаанд.

Тавре директори  филиали Маркази ҷумҳуриявии иммунопрафилактика дар минтақаи Кӯлоб Бунафша Мирзоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ дод,  мувофиқи нақша 188 ҳазору  84 кӯдакони аз синни таваллуд то 5 -сола  бояд аз эмкунии зидди бемории фалаҷ гузаронида  шаванд. То инҷониб  ба 147  ҳазору  434 кӯдак тариқи даҳон ваксина гузаронида шуд, ки 72,9 %-ро дар бар мегирад.

Мақсади асосии баргузории чорабинии мазкур мустаҳкам намудани масъунияти кӯдакони синнашон то 5- сола бар зидди бемории фалаҷ ва нигоҳ доштани мавқеи ҷумҳурӣ ҳамчун давлати озод  аз бемории фалаҷ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки барои гузаронидани  рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ зидди бемории фалаҷ  давоми моҳи майи соли  равон ЮНИСЕФ ва СУТ 4,6 миллион вояҳои  ваксинаро ба кишвар дастрас намуданд. Дар ин самт волидайн бояд донад, ки барои шахсоне, ки берун аз ҷои истиқомати доимӣ қарор доранд, иммунизатсия метавонад дар ҷои муваққатӣ ҳозирбуда дастрас бошад.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ волидайн ва парасторон бояд ба наздиктарин муассисаи тиббӣ муроҷиат намоянд. Гуфта мешавад, ки  барои гузаронидани ин чорабинӣ дар минтақаи Кӯлоб 504 марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ фаъол буда, кӯдаконро ба ваксина таъмин менамоянд. Айни замон марказҳои  иммунизатсияи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дорои шароити хуб буда, кӯдакон таҳти назорати қатъӣ мебошанд.

Июнь 4, 2021 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид