Туҳфаи арзишманди Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон» ба Муъминобод расид
ДУШАНБЕ, 07.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Корвони китоби «Тоҷикон» ба ноҳияи Муъминбод расид. Ин шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуровро комиссияи босалоҳият қабул ва рақамгузорӣ карда, ба ҳар як оилаи ноҳияи мазкур ҳамчун туҳфаи таърихӣ ва рамзию арзишманд аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуда истодааст. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов хабар медиҳад.
Тавре сокини ноҳияи Муъминобод Фарангис Файзова изҳор дошт, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ тақдими китоби “Тоҷикон” аз ҷониби Сарвари давлат басо рамзист.
-Мақсади асосии чунин иқдом шиносоӣ бо гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли имрӯзу фардои миллат мебошад. Дар ҳақиқат мутолиаи шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон» барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ муҳим арзёбӣ гардида, ин иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи таҳсину ситоиши ҳамагон аст,-илова кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки солҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ асари мазкур, ки аз таъриху маданият ва фарҳанги ин миллати бостонӣ нақл мекунад, бо теъдоди хеле кам нашр гардида буд. Аз ин рӯ он на барои ҳамаи аҳолии Тоҷикистон дастрас буд. Олимону пажуҳишгарон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ барои пешбурди корҳои илмӣ ва дарсҳо дар дарёфти ин асари таърихӣ мушкилӣ доштанду дар китобхонаҳо соатҳо навбат мепоиданд.
Ба гуфти сокини ноҳияи Муъминобод Саймуҳаммад Иброҳимов, ин ташаббуси хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон –тақдими китоби “Тоҷикон” ба ҳар як оилаи тоҷикистонӣ дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар таърихи Тоҷикистон бо ҳафрҳои заррин сабт хоҳад шуд.
АКС аз МИҲД-и н. Муъминобод








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






