Варзишгари шинохтаи тоҷик Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар мусобиқаи «Taekwondo Beirut Open» соҳиби медали биринҷӣ шуд
ДУШАНБЕ, 21.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари шинохтаи тоҷик оид ба таэквондо ВТФ Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар мусобиқаи байналмилалии «Taekwondo Beirut Open» сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар ин бора аз Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни -80кг дар ду давр бар варзишгарони Нигерия (Итику Петер Осаро), Қазоқистон (Нурлан Мирзобоев) дастболо шуд, вале дар нимфинал аз варзишгари Ӯзбекистон Никита Рафалович мағлуб ва ҷои сеюмро сазовор шуд. Дигар варзишгаронамон — Шоҳрух Баротов (вазни -58кг), Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов (-68кг), Хуррам Меҳтаршоев (-74кг), Муниса Ойматова (-49кг) ва Муниса Исматова (-62кг) дар даврҳои аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.
Мавриди зикр аст, ки мусобиқаи мазкур дар идомаи Чемпионати Осиё оид ба таэквондо (16-18 июн) 19-21 июн бо иштироки варзишгарони 28 давлати ҷаҳон баргузор шуд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






