Ҷамшед Каримзода дар ҷаласаи маҷозии Шӯрои роҳбарикунандаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд иштирок кард

Июль 6, 2021 10:48

ДУШАНБЕ, 06.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 ва 2 июл муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода дар ҷаласаи маҷозии ҳамасолаи Шӯрои роҳбарикунандаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд иштирок ва сухан намуд.

Тибқи иттилои Вазорати молия, зимни ҷаласаи мазкур масъалаҳои барқарорсозии иқтисодиёт ва рушди он, гузариш ба маблағгузории иқтисоди сабз, инчунин тавсеаи ҷуғрофӣ ба кишварҳои тропикии Африка ва Ироқ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ин робита Ҷамшед Каримзода зикр  кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон итминон дорад, ки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ташаббуси Ҳукуматро дар самти ҳамгироии манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавассути зиёд намудани грантҳо, кумаки техникӣ ва қарзҳои имтиёзнок барои ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф ва кам кардани оқибатҳои манфии тағирёбии иқлим дастгирӣ хоҳад кард.

Инчунин иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори сиёсати ҳамешагии ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, махсусан дар соҳаи энергетика ва дигар соҳаҳои имтиёзноки дуҷониба мебошад

Сипас миёни иштирокчиёни вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Аксҳо аз Вазорати молия

Июль 6, 2021 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд