COVID-19. Гурӯҳи корӣ дар бозорҳои «Меҳргон» ва «Варзоб»-и шаҳри Душанбе оид ба пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монд

Июль 10, 2021 10:16

ДУШАНБЕ, 10.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи корӣ бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар бозорҳои «Меҳргон» ва «Варзоб» ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо  фурӯшандагон ва  сокинону меҳмонони шаҳр  корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монд. Гӯрӯҳи мазкур  зимни суҳбат  бо сокинон ва меҳмонони пойтахт таъкид намуданд, ки қабули ваксина бар зидди бемории сироятии COVID-19, балки инсонро аз гирифторшавӣ ба ин бемории сироятӣ эмин нигоҳ медорад, балки ин бемориро  дар органзим ба таври сабук мегузаронад.

Тавре муовини раиси ноҳияи Исмоили  Сомонӣ  Наргис Шарифзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт,  «бо вуҷуди пурзӯр намудани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ, баъзе аз сокинони пойтахт нисбат ба саломатии худу  наздикон ва атофиён фориғболӣ зоҳир  карда, қойидаҳои беҳдошт ва масофаи иҷтимоиро риоя намекунанд».

«Дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавируси КОВИД-19 дар Чумхурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар ҳудуди пойтахт зиёда аз 196 гуруҳи корӣ фаъолият менамоянд, ки ҳамарӯза ба сокинон тарзи дурусти риояи қойидаҳои беҳдоштӣ ва истифодаи ҳатмии ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятиро  таъкид месозанд»,-афзуд Наргис Шарифзода.

Гурӯҳҳои мазкур ҳамчунин бо ронандагон ва мусофирони нақлиёти ҷамъиятии пойтахт  низ чунин корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ то ба эътидол омадани вазъ ҷиҳати пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавируси КОВИД-19 дар шаҳри Душанбе ва чор ноҳияи он гурурҳҳои корӣ фаъолият намуда, аз сокинон қойидаҳои беҳдоштӣ ва бастани ҳатмии ниқобро талаб менамоянд.

Июль 10, 2021 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад