Дар Боғи Ирам хӯрокҳои миллии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай муаррифӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 15.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай шоми 16 июл дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ташкил карда мешавад, иттилоъ медиҳад Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил карда шуда, аз он роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ ва сокинону меҳмонони пойтахт боздид менамоянд.
Ҳадаф аз баргузории Фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои аъзои СҲШ муаррифии анъана ва урфу одатҳои давлатҳои аъзои ин созмони бонуфуз, аз ҷумла, таому хӯришҳои миллии тоҷикӣ ба ҷаҳониён ва таҳкими ҳамкории сайёҳӣ мебошад.








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






