Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» беш аз 33 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид

Июль 6, 2021 14:51

ДУШАНБЕ, 06.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд  ҷамъбаст гардида,  аз ҳисоби буҷети ноҳия 33 703 сомонӣ маблағ барои қадрдонии ғолибони он  ҷудо карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ медиҳад.

Дар маросими ҷамъбасти озмун  раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода иштирок намуда,  ғолибонро бо туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонид.

Раиси ноҳия иброз намуд, ки «Ҳадафи асосии   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии ҷомеа, рушди тафаккури техникӣ, пайванди илм бо истеҳсолот ва хусусан, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад. Инчунин баргузории озмун  барои дарёфти истеъдодҳои нав дар самти рушди технологияи иноватсионӣ ва раҳнамоии ҷавонон ба ихтироъкориву навоварӣ мусоидати менамояд».

Тавре директори Иниститути физика  ва техникаи ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Шокир зикр намуд, «Илм дар ҳар давру замон мисли як муҳарике ба ҳисоб рафта, ҷомеаи инсониро ба пеш мебарад. Ҳамаи он дастовардҳои илмию техникӣ, рушди саноат ва он техникаи маишие, ки инсониятро иҳота кардааст, маҳз маҳсули тадқиқот ва натиҷаҳои илмии олимони соҳаи табиатшиносӣ, дақиқ  ва риёзӣ мебошад.  Махсусан дар даҳсолаи охир муайян гардидааст, ки бе таҷҳизоти рақамӣ,  аз ҷумла шабакаи интернет ҳаёти инсон тасаввурнопазир аст.

Ба гуфти номбурда дар Академияии миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста бо муваффақият тадбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар оғози соли равон гурӯҳи корӣ ташкил гардид. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ лоиҳои Низоминомаи озмуни мазкур таҳия карда шуд. Инчунин як китобе иборат аз 250 саҳифа ҳамчун тафсири бандҳои Низомнома рӯй чоп омад, ки дар он тамоми бандҳои Низомнома пурра шарҳу тафсир гардидааст.

Мавсуф таъкид  намуд, «Хело ҷолиб ва ибратомӯз аст, ки Пешвои миллат роҳи кушояндаи дарҳои таълиму тарбияи наврасонро маҳз дар дасти омӯзгор ва волидайн мебинанад. Меҳнати омӯзгор ва падару модари наврасоне, ки дар озмун муваффақ мешаванд, минъбад аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва мақомоти маҳалӣ  қадр карда мешавад. Инчунин ғолибони озмуни мазкур имкониятҳои фарохе доранд, аз қабили ба муаиссисаҳои таҳсилоти олии мамлакат бидуни имтиҳон қабул гардидан».

АКС аз МИҲД ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Июль 6, 2021 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад