Натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар шашмоҳаи дуюми соли равон ҷамъбаст мешаванд

Июль 31, 2021 09:34

ДУШАНБЕ, 31.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар шашмоҳаи дуюми соли равон ҷамъбаст  ва  пас аз мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расман нашр карда мешаванд. Натиҷаи асосии барӯйхатгирии аҳолӣ бо назардошти коркарди сканерии маводи он шурӯъ аз семоҳаи чоруми соли равон ва солҳои 2022-2023 ба даст оварда мешавад.

Дар ин бора 30 июл директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф зикр намуд, ки афзоиши табиии аҳолӣ аз рӯи маълумоти пешакӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 5,2 фоиз зиёд шудааст.

Дар шашмоҳаи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 дар ҷумҳурӣ бақайдгирии таваллуд 2,6 фоиз зиёд шудааст. Зиёдшавии бақайдгирии таваллуд дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба ғайр аз Бадахшон мушоҳида шудааст. Дар вилоятҳои Суғду Хатлон зиёдшавии бақайдгирии таваллуд 1,6 фоиз, ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ 1,8 фоиз ва  шаҳри Душанбе 16,5 фоизро ташкил намудааст.

Ба гуфти Гулнора Ҳасанзода, дар шаш моҳи соли равон шумораи зиёдшавии таваллуд ва бастани ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, шумораи талоқҳо дар ин нимсола 6440 воҳидро ташкил намудааст. Шумораи талоқҳо дар вилояти Суғд 1,9 фоиз зиёд шудааст, ки нисбат ба дигар минтақаҳои мамлакат бештар мебошад.

Дар ҷараёни нишаст иттилоъ дода шуд, ки воридоти мол дар ҷумҳурӣ 1 млрд 850,8 млн долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба шашмоҳаи соли гузашта 23 фоиз ё 345,7 млн доллар зиёд мебошад.

 

АКС аз АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2021 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон