ОИД БА ВАЗЪИЯТ ДАР МАРЗ БО АФҒОНИСТОН. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

Июль 5, 2021 09:14

ДУШАНБЕ, 05.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки шаби 4 ба 5-уми июли соли 2021 қувваҳои ҳаракати «Толибон» вулусволиҳои Хоҳон, Шикай, Нусай, Моҳимай, Шуғнон ва Султон-Ишкошими вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи мазкур 910 километр сарҳади умумӣ доранд,  пурра таҳти назорати худ қарор доданд.

Дар муқовиматҳои мусаллаҳона бо «Толибон», 1037 нафар низомиёни қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон ақибнишинӣ карда, бо мақсади наҷот додани ҷони худ, тавассути минтақаҳои сарҳадии «Шоҳон»-и ноҳияи Ш.Шоҳин (104 нафар), “Рузвай”-и ноҳияи Дарвоз (213 нафар), “Нулванд”-и ноҳияи Дарвоз (83 нафар), “Хумроғӣ”-и ноҳияи Ванҷ (173 нафар), “Тем”-и шаҳри Хоруғ (312 нафар), “Ишкошим”(102 нафар) ва “Лангар”-и ноҳияи Ишкошим (50 нафар) вориди хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд.

Бо назардошти муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ  ва дахолат накардан ба умури дохилии ҶИА, ба  низомиёни  ин кишвар  иҷозати воридшавӣ ба қаламрави Тоҷикистон дода шуд.

Айни ҳол вазъият дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июль 5, 2021 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи корӣ оид ба омодагии сохторҳои дахлдор ба мудофиаи давлат доир гардид
Дар Бадахшон оид ба истифодаи интернет ҳамоиш доир шуд
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуд
Иди касбии мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба паст намудани хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид
14 март — Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура. Прокуратура яке аз сохторҳои калидии низоми давлатдорӣ аст
СААД баимзорасии Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатиро истиқбол менамояд
Барои кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ барномаи идонаи бошукуҳ доир гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ мулоқот намуд
«БЕҲТАРИН РАСМИ МОДАР ВА ДУХТАР БО ЛИБОСИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон озмун баргузор мегардад
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ: «Артиши миллии Тоҷикистон ба яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории навини тоҷикон мубаддал гардидааст»