Паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков бо ду пирӯзӣ ва як бохт Бозиҳои олимпиро ҷамъбаст намуд
ДУШАНБЕ, 26.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Бозиҳои олимпии Токио-2020 мусобиқа оид ба намуди гӯштини дзюдо дар вазни -73кг баргузор шуд, ки дар он паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков ширкат кард.
Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал Аҳмад Аликай аз дастаи паноҳандагон ва дар даври дуюм Файе Нҷийе аз Гамбиаро шикаст дода, ба ҳаштякфинал роҳ ёфт, вале дар ин давр аз ноибқаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016- паҳлавони муваффақи Озарбойҷон Рустам Оруҷов бо як вазарӣ мағлуб шуд.
Ҳамин тариқ, Бозиҳои олимпии Токио-2020 барои Сомон Маҳмадбеков анҷом ёфтанд.
Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Паҳлавонони дигари тоҷик фардо мусобиқаро идома медиҳанд. Акмал Муродов дар вазни -81кг қувва месанҷад. Ҳарифи ӯ дар даври аввал Ҷоштер Андрев аз Гуам мебошад. Оғози қувваозмоиҳо соати 7:00 бо вақти Душанбе.
Сипас, 28 июл паҳлавонони шинохтаи тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ва 31 июл Темур Раҳимов дар вазни +100кг гӯштин мегиранд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






