ПЕШИ РОҲИ ГАРМШАВИИ ҲАВОРО БОЯД ГИРИФТ! Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе масоили тағйирёбии иқлимро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /AMИT «Ховар»/. Конфронси дурӯзаи чоруми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим (КОМТИ-2021) дар Душанбе ба анҷом мерасад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бинобар пандемия конфронс дар шакли омехта — онлайн ва офлайн баргузор гардид.
Мавзӯи асосии конфронс- ҳамгироии талошҳои кишварҳои минтақа барои пешгирӣ аз болоравии ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ аз 1,5°C мебошад.
Иштирокчиён — роҳбарони мақомоти ҳифзи муҳити зисти кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ, муассисаҳои илмӣ, гурӯҳҳои ҷавонон, коршиносони созмонҳои байналмилалӣ стратегияҳои иқлимро, ки дар сатҳи миллӣ таҳия шудаанд, инчунин ҷараёни татбиқи Созишномаи Париж оид ба иқлим ва маблағгузории лоиҳаҳои ҳифзи муҳити зистро баррасӣ намуданд.
Бо партофтани партовҳо ба ҳавои атмосфера вазъи иқлим ногувор мешавад, мегӯянд иштирокчиёни конфронс. Ва гузариш ба нақлиёти барқӣ ва манбаъҳои энергияи тоза ба ҳалли мушкилот мусоидат хоҳад кард.
«Мушкилоти таъсири мо ба муҳити зист ва посухҳои табиат ба амалҳои мо, ки бо он алоқаманданд, посухи шахсии моро талаб мекунанд. Ва чизи аз ҳама муҳим- мутобиқшавӣ ба равандҳои рухдода мебошад. Мо бояд механизмҳои мутобиқшударо ҷӯем, онҳоро ба шароити кишварҳои Осиёи Марказӣ мутобиқ созем. Онҳоро амалӣ намоем, то ҳамаи оқибатҳои имрӯза бо тағйирёбии муҳити зист сабук карда шаванд»,- гуфт узви Шӯрои мудирони Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ, раиси Ассотсиатсияи шикорчиёни Тоҷикистон Алихон Латифӣ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «MIR -24».
Бояд тазаккур дод, ки КОМТИ-2021 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (CAREC) созмон дода шудааст. Конфронси Душанбе ба 20-умин солгарди оғози фаъолияти CAREC бахшида шудааст.
АКС аз манобеи боз








Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд






