«Танҳо донишҳои зеҳнӣ ва фарҳанги техникӣ метавонанд ба муқобили ақидаҳои хурофотию ифротӣ сипар шаванд»,-бардошт аз Слёти геологҳои ҷавон

Июль 26, 2021 11:40

ДУШАНБЕ, 26.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон Слёти VIII геологҳои ҷавон баргузор гардид.

Тавре аз Саридораи геология ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Слёти навбатии геологҳои ҷавон дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020-2040 ва​ Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Зимни ифтитоҳи ҷамъомад зикр шуд,  ки дар сатҳи ҷумҳурӣ бори ҳаштум аст, ки Слёти геологҳои ҷавон  баргузор мешавад. Ҳадафи асосии Слёти геологҳои ҷавон ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои бунёдӣ, кашфи истеъдодҳои нодири соҳаи геология, тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, тавсеаи тафаккури наврасону ҷавонон арзёбӣ  гардид.

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зикр кард, ки​ ​ ​ дар ҷомеаи имрӯза барои пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст. Чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав ва неруи муҳими пешбарандаи иқтисодӣ буда, истифодаи васеи фановарии муосирро дар истеҳсолот ба хубӣ таъмин карда метавонанд.

«Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошед. Ба андешаи ман, дар ҷаҳони  муосир танҳо донишҳои зеҳнӣ ва фарҳанги техникӣ метавонанд ба муқобили ақидаҳои хурофотию ифротӣ сипар шаванд”,- муроҷиат намуд И. Оймуҳаммадзода ба наврасону ҷавонон.


Слёти геологҳои ҷавон, ки ҳамасола дар сатҳи баланди ташкилӣ доир карда мешуд, имсол бо сабаби пандемия дар сатҳи маҳдуд доир гардид.

Дар​ слёт асосан​ мактаббачагоне, ки ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ таваҷҷуҳ доранд, иштирок менамоянд. Дар он хонандагони мактабҳои кишвар бо маҳорату кордонӣ доир ба соҳаи геология қувваозмоӣ намуда, ҳамчунин малакаҳои нави касбиро аз худ менамоянд.

Муҳим он аст, ки бо ҷалби наврасону ҷавонон ба соҳаи геология муносибати  онҳо ба табиат, ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои табиӣ ва аз ҳама муҳим муҳаббат ба Ватани хеш комилан тағйир меёбад. Дар гузашта низ чунин чорабиниҳо гузаронида шуда, натиҷаҳои назаррас ҳам медоданд.  Имрӯз дар соҳа кадрҳои ҷавони лаёқатманд гирд омада, аксари онҳо мутахассисони ҳирфаӣ гардидаанд.  Ҳоло ки рушди бахшҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ба рушди соҳаи геология, хусусан саноати кўҳӣ вобаста аст, омўзиши қаъри замин ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок аз ҷониби геологони ҷавон ба мақсад мувофиқ мебошад.

Иштирокчиёни тадбири имсола​ дар мавзӯъҳои “Мафҳумҳои асосии геология ва вазифаҳои он”, “Тектоникаи плитаҳо ва нақши онҳо дар ташаккулдиҳии музофоти металлогенӣ”, “Мушоҳидаҳои комплексӣ дар кӯли Сарез”, “Таъсири фарсоиш ба ҷинсҳои кӯҳӣ ва минералҳо”, “Сангҳои рангаи Помир”, “Лаъли Бадахшон”, “Корҳои ҷустуҷӯӣ дар майдони пегматитдор” ва “Манбаҳои тиллои пошхӯрда” маърӯзаҳо пешниҳод карданд.

Аъзои ҳакамон аз  байни онҳо  беҳтаринҳоро интихоб намуданд. Ғолибон ба Слёти геологҳои  ҷавони ИДМ, ки баргузории он моҳи августи соли равон дар назар аст,  роҳхат гирифтанд.

Ҳамаи иштирокчиёни Слёти геологҳои ҷавон бо медал, Диплом ва Сипосномаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қадрдонӣ шуданд.

Июль 26, 2021 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?