«ВАКСИНАИ ЗИДДИВИРУСИИ КОВИД-19 — ҶАВШАНИ ХУД ВА НАЗДИКОНИ ШУМО!». КИМ ҲХДТ таҳти ин унвон аксияи эмгузарониро доир намуд

Июль 7, 2021 15:47

 ДУШАНБЕ, 07.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 6 июли соли равон аз ҷониби Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  ва сохторҳои ноҳиявии  он дар ҳамкорӣ бо Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе аксияи эмгузаронӣ таҳти унвони «Ваксинаи зиддивирусии Ковид-19 — ҷавшани худ ва наздикони Шумо»-ро дар атрофи бозори «Меҳргон»-и ноҳияи И.Сомонӣ, минтақаи 91-ум ва маҳаллаи Лучоби ноҳияи Сино, кӯчаи Н.Қарабоев ва атрофи «Маҷмааи тандурустии Истиқлол»-и ноҳияи Фирдавсӣ ва назди Маркази савдои «Садбарг»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор намуд.

Тавре аз КИМ ҲХДТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,   аксияи эмгузаронӣ вобаста ба пешгирии хуруҷи мавҷи навбатии бемории сироятии COVID–19 дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин аксия бо усули “хона ба хона, кӯча ба кӯча” ва ҷойҳои серодам, аз ҷумла бозор, боғҳои фарҳангӣ, истгоҳ ва роҳравҳои пойтахт бо ҷалби аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо тақсими ниқоб ва корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба эмгузорӣ бар зидди коронавирус ташкил ва баргузор гардид.

Ҳамчунин аз ҷониби ҳайъати кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ҳар рӯз баҳри пешгирии сокинон ва меҳмонони пойтахти шаҳри Душанбе аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус вохӯриҳои хона ба хона баргузор менамоянд, ки дар он тарғиби тарзи ҳаёти солим, риояи гигиенаи шахсӣ, риояи масофаи иҷтимои  ва эмгузаронӣ бар зидди Ковид-19-ро фаҳмонда мешавад.

АКСҲО: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

Июль 7, 2021 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд