Аҳолии шаҳри Норак бо ваксинаҳои «Модерна», «CoronaVaс» ва «AstraZeneca» эм карда мешаванд

Август 10, 2021 10:13

НОРАК, 10.08.2021 /АМИТ«Ховар»/. Ҷиҳати сари вақт пешгирӣ намудан аз бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 дар шаҳри Норак аввалин шуда кормандони Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» аз ваксинаи  «Мoderna» ба таври пурра истифода намуданд.

Тавре ҳамшираи тибби НБО «Норак» Моҳбону Раҳмонова ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ин ду неругоҳҳои бузурги Тоҷикистон аз рӯзи пайдо шудани ин бемории оламгир  қоидаҳои беҳдоштӣ пурра риоя мешаванду кормандони неругоҳ аз маҳлулҳои безараргардонию ниқоб истифода мебаранд. Хушбахтона бо ворид гаштани вояҳои ваксинаи «Мoderna» ба шаҳри Норак баҳри пешгирии ин беморӣ  ҳамаи кормандони ин неругоҳҳо бо хоҳиши худашон эмгузаронӣ шуданд.

Роҳбари Маркази саломатии шаҳри Норак Тағойбек  Қаҳҳорзода иброз дошт, ки барои пешгирии бемории COVID-19 то дирӯз дар 20 нуқтаҳои эмгузаронии маркази саломатии шаҳр ва бунгоҳҳои тиббию марказҳои саломатии деҳот зиёда аз 8156 нафар кормандони корхонаю ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон эмгузаронӣ шуданд, ки 21 фоизи аҳолиро ташкил медиҳад.

Дар ин маърака кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҳамаи кормандони соҳаи тандурустии ноҳия сафарбар гардида, ба аҳолии  шаҳр  моҳияти  истифодаи  ваксинаро  дар пешгирии бемории коронавирус ва фоидаҳои онро ба саломатии инсон фаҳмониданд. Мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Норак Сарвиноз Саидмуродова изҳор намуд, ки дар рӯзҳои аввал мардуми шаҳр ба эмгузаронӣ нисбати пешгирии ин бемории аср кам аҳамият медоданд. Вале пас аз гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум ва корхонаю идораҳо, айни замон барои гирифтани ваксина дар баъзе нуқтаҳои эмгузаронӣ сокинони шаҳр дар навбат истодаанд, ки ин  амал фарҳанги баланди сокинони шаҳрро нишон медиҳад.

Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр Ҷомаҳмад Ҷамилов мегӯяд, ки бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 аз тарафи Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду давраи эмгузаронӣ вояҳои ваксинаҳои «Модерна», «CoronaVaс» ва «AstraZeneca»  ба шаҳри Норак ворид шуд,  ки то дирӯз 21 фоизи аҳолии шаҳр аз қабили кормандони корхонаю ташкилотҳо эмгузаронӣ шуданд. Тарзи истифодаи ин ваксинаҳо ва нигоҳдории онҳо ҳамеша зери назорати доимии мутахассисони мо  қарор дорад. Хушбахтона сокинони шаҳри Норак бо дарки масъулият ихтиёрона омада, аз ин ваксинаҳо истифода намуда истодаанд, то ки саломатии худ ва наздиконашонро аз ин бемории сироятӣ эмин нигоҳ доранд.

 

АКС аз АМИТ «Ховар»

Август 10, 2021 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд