Аксияҳои «Тозагии маҳал» ва « Тозагии соҳил» дар куҷо гузаронида шуданд? Суратгузориш аз партовҳои дарёча ва канали ноҳияи Рӯдакӣ

Август 22, 2021 08:51

РӮДАКӢ, 22.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мутаассифона, имрӯзҳо дар арафаи ҷашни бузурги таърихии 30- солагии Истиқлоли давлатӣ, оғози соли нави таҳсил ва хуруҷи бемориҳои сироятӣ селпартои Бачамазор ё дарёчаи маркази ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин каналу ҷӯйборҳои маркази ноҳия аз  сабаби беаҳамиятии  масъулини соҳа пур аз алафҳои бегонаю партовҳои истеъмолии пластикию полиэтиленӣ ва ғарами партовҳо гардидаанд.

Тозагию нафосат, поку озода намудани маҳали зист ва назди соҳил, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ободу хуррамгардонии диёри хеш яке аз самтҳои асосии сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар ҳама ҳолат муҳимтарин вазифаи инсоният- ин ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб рафта, имрӯз ҳам амалисозии ин самти сиёсати давлат метавонад омили муҳими пешгирӣ аз пайдоиши ҳама гуна бемориҳои сироятӣ бошад.

Ҳарчанд шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ  дар 7 моҳи соли равон ҳисобот пешниҳод намудааст,  ки бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аксияҳои «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал» ва ҳашарҳои дастҷамъона гузаронидааст, вале ин аксҳо исбот менамоянд, ки моҳҳо боз ин каналу дарёча аз партовҳо тоза нашуда, дар инҷо нисбат ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии маркази ноҳия ягон нафар аҳамият намедиҳад.

Аз ин рӯ хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд баҳри   таъмини амнияти саломатии сокинону меҳмонони ноҳияи Рӯдакӣ ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ аксҳои дирӯз гирифтаи худро аз як қисмати ин каналу дарёча, ки аз маркази ноҳия мегузарад, пешкаши масъулини соҳа мегардонад, то роҳбарияти Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии ноҳияи Рӯдакӣ, шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия,  роҳбарияти корхонаи Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия ва муовинони раиси ноҳияи Рӯдакӣ  масъулият эҳсос намоянд.

Хуб мешуд, бо мақсади беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ дар ноҳия ин навбат воқеан ҳам аксияҳои «Тозагии маҳал»  ва « Тозагии соҳил» гузаронида, ҷӯйборҳо ва каналу дарёчаи маркази ноҳияро аз партовҳо тоза намоянд. Масъулини ноҳия бояд дарк намоянд, ки моро дар пеш  ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатӣ интизор аст.

 АКСҲО  аз  АМИТ «Ховар»

Август 22, 2021 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд