«Амонатбонк» иқдоми пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки «Дониш-2021»-ро роҳандозӣ намуд
ДУШАНБЕ, 10.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи соли нави таҳсили 2021-2022 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таҳти унвони «Дониш-2021» иқдоми пешниҳоди қарзҳои имтиёзнокро роҳандозӣ намуд. Пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки «Дониш-2021» бо мақсади дастгирии муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, инчунин саҳм гузоштан дар рушду пешрафти соҳаи илму маорифи кишвар ҷорӣ гардидааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд, дар доираи ин иқдом муштариён имкон доранд барои хароҷоти зарурии таҳсил то 15 000 сомонӣ бо меъёри солонаи 18 фоиз ба муҳлати 36 моҳ қарз гиранд.
Нафароне, ки дар доираи «Лоиҳаи музди меҳнат ва нафақа» дорандаи корти пардохтии “Амонатбонк” мебошанд, ба онҳо бе пешниҳоди маълумотномаи манбаи даромад қарз дода мешавад. Қарз бе гарав ва зомин пешниҳод мегардад.
АКС аз БДА «Амонатбонк»








Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1464 то 11.0800 сомонӣ муқаррар шудааст
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид






