Аз 9 то 12 август дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор мегардад

Август 9, 2021 14:57

ДУШАНБЕ, 09.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз гадид, ки он 12 августи соли равон идома меёбад. Дар ин даври озмун  беш аз 160 нафар ғолибони даври ноҳиявӣ иштирок намуда,  дар 3 номинатсия — композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ дар жанрҳои академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз намуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сеюм аст, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ  Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор карда мешавад. Имсол  барои баргузории озмуни мазкур аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомонӣ ҷудо гардидааст.

Мавсуф зикр намуд, ки дар иртибот ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2021 «Дар бораи баргузор гардидани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷкистон-Ватани азизи ман»  қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Дар бораи баргузор шудани озмуни шаҳри «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ба тавсиб расидаст. Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки довталабони озмуни мазкур сол то сол зиёд гардида истодаанд. Имсол аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе дар даври ноҳияиви 338 нафар иштирк намуда буданд, ки беш аз 160 нафари онҳо роҳхат ба даври шаҳриро  гирифтанд. Соли гузашта дар даври шаҳри озмун аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе 102 нафар иштирок намуданд, ки аз ин шумора 38 нафари он ба даври ҷумҳӯриявии роҳхат гирифтанд. Аз шумораи пешниҳод гардида дар соли гузашта 36 нафари онҳо дар даври ҷумҳуривӣ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Бояд гуфт, ки давоми ду соли охир Шоҳҷоизаи озмун насиби иштирокчии шаҳри Душанбе мегардад.

Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҳайати ҳакамон, раиси ҳакамон Ҳунарпешаи Халқи Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов,   Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, композитор  Зокир Нишонов, роҳбари бадеии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Содиқ Нуруллоев, мутриб  Абдураҳмон Мадхолов, оҳангсоз Убайдулло Иброҳимзода, композитор Нигина Обидова  ва сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Нуралӣ  Шоев иштирок доранд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуда, соҳиби роҳхат ба даври ниҳоӣ, яъне даври ҷумҳуриявии Озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» мегарданд.


Ёдовар мешавем, ки даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз 26 то 31 июли соли равон дар вилояти Хатлон,  аз 27 то 31 июли соли равон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз 2 то 6 августи соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аз 3 то 5 августи соли равон дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ноҳияҳои водии Рашт то шаҳри Роғун), аз 9 то 12 августи соли равон дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (аз ноҳияи Файзобод то шаҳри Турсунзода) баргузор  мегарданд.

Ҳадаф аз баргузории озмунин дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон мебошад.

 

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Август 9, 2021 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон