Ба Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор мошини ёрии таъҷилӣ тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 23.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор соҳиби мошини ёрии таъҷилӣ гардид. Мошин сохти давлати Кореяи Ҷанубӣ буда, дар дохилаш дастгоҳу таҷҳизоти замонавии тиббӣ, аз қабили сабти барқии дил (ЭКГ), дефиблятор (дастгоҳи барқии таҳрикдиҳандаи кори дил), дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ бо ду балони оксиген ва ғайра насб шуда, кафолати беҳтару бештари хизматрасонии тиббӣ таъмин гардидааст. Мошини ёрии таъҷилӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор тақдим гардидааст.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, чанде пеш Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Ҳисор рафта, аз муассисаҳои тандурустии шаҳр боздид намуд. Мавсуф дар Беморхонаи марказии шаҳр, шуъбаҳои госпиталии он бо сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.
Вазир ба хизматҳои шоёни табибон, масъулиятшиносии роҳбарияти беморхона баҳои баланд дода, бо изҳори қаноатмандӣ аз омодагии кормандони беморхона ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ гуфт, ки ба ифтихори ин ҷашни миллӣ барои хизматҳои арзандаи табибони шаҳр ба Беморхонаи марказӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як мошини ёрии таҷилӣ туҳфа мегардад.
Мошини нави ёрии таъҷилӣ дар ҳайати табиб, бародари шафқат ва ронанда барои хизматрасонӣ ба беморон дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сафарбар мегардад.
Акс аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






