Бозиҳои даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд
ДУШАНБЕ, 05.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7-8 август дар варзишгоҳҳои мамлакат Бозиҳои даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор мешаванд. Дар ин давр дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Истиқлол»-шаҳри Душанбе бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Душанбе»-и шаҳри Душанбе миёни ҳам бозӣ мекунанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Чанд ҳафта пеш бозиҳои даври сездаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор шуданд. Дар ин давр дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар сафар бар дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Хуҷанд» дар майдони худ бар дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истарвшан бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Голи дастаи «Равшан»-ро Анвар Муродов ва голи дастаи футболи «Хуҷанд»-ро Абдулмуъмин Забиров ба нишон расониданд.
Се бозии дигари давр бо чунин натиҷа хотима ёфтанд: дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеьро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро Мубинҷон Муъминов ба ҳадаф расонд. Пас аз ин ғалаба дастаи футболи «Эсхата» ба ҷои дуюми ҷадвал баромад.
Дар бозии дигар дастаи футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бар дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Бозингари дастаи «Кӯктош» Амирҷон Сафаров дар дақиқаи 7-ум ҳисобро кушод. Мизбонон тавассути Иззатулло Рӯзиев ва Амир Меъморӣ ду гол заданд.
Бозӣ миёни дастаҳои КМВА – «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бидуни гол (0:0) анҷом ёфт.
АКС аз ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






