Дар Душанбе доир ба рушди хизмати давлатӣ дар даврони истиқлол конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд

Август 31, 2021 09:26

ДУШАНБЕ, 31.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо равандҳои таҳкими Истиқлоли давлатӣ, низоми нави сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ, ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ ва татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо робитаи зич дорад. Қабули аввалин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 13 ноябри соли 1998 бо ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалан низоми хизмати давлатии миллии Тоҷикистони соҳибистиқлолро поягузорӣ намуд. Ин матлабро  зимни Конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Рушди хизмати давлатӣ дар даврони Истиқлол» ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсиси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов баён дошт.

Ҷумъа Давлатов афзуд, ки бо мақсади ташкили низоми самараноки хизмати давлатӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2001  дар  низоми идоракунии давлатии Тоҷикистон мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ – Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Таъсиси ин ниҳод яке аз дастовардҳои замони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он ба ташаккули хизмати давлатӣ,  ислоҳот ва рушди  он заминаи мусоид фароҳам овард.

Имрӯз фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ ба такмили хизмати давлатии касбӣ равона гардида, ин ниҳоди зодаи даврони истиқлол барои таъмини идоракунии самаранок тавассути татбиқи технологияҳои кадрӣ ва омода намудани хизматчиёни давлатии ба талаботи замон ҷавобгӯ қадамҳои устувор мегузорад.

Дар ҷамъомад зикр шуд, ки бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат баробар ба рушди соҳаи хизмати давлатӣ иштироки ду қишри асосии ҷомеа — бонувон ва ҷавонон дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ бо истифода аз роҳу усулҳои муосири тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо тақвият дода шуд.

Воқеан, хизмати давлатӣ хизмат ба Ватан ва халқи Тоҷикистон буда, хизматчиёни давлатӣ узви мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Имрӯз ҳар хизматчии давлатӣ бояд савганди ёдкардаи худро пос дошта,  намунаи садоқат ба ватану миллат ва Конститутсия, тимсоли ростқавлию поквиҷдонӣ, меҳанпарастию масъулиятшиносӣ бошад ва дастрас будан ба мардум, робитаи наздик доштан бо аҳолӣ ва ҳалли мушкилоти мардум, татбиқи ҳамкории созанда бо ҷомеаро асоси фаъолияти худ ва мақомоти давлатӣ шуморад. Дар як вақт савганди ёдкардаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 октябри соли 2020 бояд ба рӯзномаи кории ҳар хизматчии давлатӣ табдил ёбад.

Дар ҷараёни конференсия вобаста ба масоили мухталифи хизмати давлатӣ ва рушди он маърӯзаҳои илмӣ-амалии  «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши занон дар идоракунии давлатӣ», «Рушди хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масоили таҳсили хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои асосии такмили он», «Тамоюли омодасозии кадрҳои ҷавон дар  сиёсати давлатии ҷавонон» ва ғайраҳо шунида ва муҳокима гардиданд.

Ҳамзамон дар ҷамъбасти конференсия як зумра собиқадорон, хизматчиёни давлатие, ки дастовардҳои хизматӣ  доранд, одоби касбии намунавӣ зоҳир намудаанд, дар татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ ҳиссаи арзанда гузоштаанд, бо мукофотҳои идоравӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.

Дар кори конференсия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Музаффар Давлатзода, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода,  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Файзуллозода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил  Ғафурзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода, ҳамчунин собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии хизмати давлатӣ, олимону коршиносон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

АКСҲО аз Агентии хизмати давлатӣ

Август 31, 2021 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Дар ВМКБ беш аз 1000 иншоот ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гирифт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок намуданд
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави истиқоматии 5-ошёна барои хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Парки технологии шаҳри Хоруғ коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти гӯштӣ ва обҳои табиии ташнашиканро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаҳои биноҳои истиқоматӣ бо маркази хизматрасонию тиҷоратӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ, меҳмонхона ва майдончаи варзишии кӯдакон шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ китобхонаи кӯдаконаи вилоятӣ, китобхонаи шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ ва Маркази рушди зеҳни сунъиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Маркази фарҳангӣ, савдо ва Шурои иттифоқҳои касабаи вилоятро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ чойхонаи Хатлонро ба истифода доданд