Дар ноҳияи Шуғнон Маркази саломатии деҳоти Питоб бунёд шуд
ДУШАНБЕ, 24.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24 август дар доираи омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки раиси ноҳия Ҷумъа Ҷумъазода ва Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита, инчунин сокинони деҳаи Питоби Ҷамоати деҳоти Сучон ва кормандони соҳаи тандурустӣ Маркази саломатии деҳоти Питоб мавриди истифода қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон.
Маркази саломатии навбунёд аз ҳуҷраҳои хизмати тибби оилавӣ бо фарогирии ташхису табобати бемории калонсолон, занону кӯдакон, хизмати момодоягӣ, солимии модару кӯдак, эмкунӣ ва кумаки фаврии тиббӣ иборат аст.
Дар баробари бунёди бинои замонавӣ ва фароҳам ссохтани шароити хуби корӣ таъмини дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои баланд бардоштани хизмати тиббӣ дар деҳот мусоидат менамояд.
Дар маркази саломатӣ дегхона бо шабакаи гармидиҳии мустақил, иншооти хоҷагидорӣ, анбор ва нуқтаи санитарӣ-гигиенӣ сохта шудаанд, ки инфрасохтори зарурию табобатии муассисаи тиббиро ташкил медиҳанд.
Ин муассисаи тиббии замонавӣ баҳри ба меъёрҳо мутобиқ намудани хизматрасонии тиббӣ дар деҳот, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва солимии аҳолии деҳот бунёд шудааст. Яке аз ҳадафҳои эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба вуҷуд овардани инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла саломатии аҳолӣ дар деҳот мебошад.
Тазаккур бояд дод, ки қаблан дар деҳаи Питоб бунгоҳи саломатӣ амал мекард. Бо афзоиши шумораи аҳолӣ ва бо мақсади ба дараҷаи сифатан нав бардоштани хизмати тиббӣ ҳоло маркази саломатии деҳаи Питоб бунёд гардид, ки ба аҳолии деҳа хизмати саривақтии тиббӣ мерасонад.
АКСҲО аз МИҲД-и ноҳияи Шуғнон










Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад






