Дастаи «Хатлон» ғолиби Мусобиқаи ҷумҳуриявии бадминтон ва соҳиби Ҷом гардид
ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат миёни наврасон Мусобиқаи ҷумҳуриявии бадминтон баргузор гардид, иттилоъ дод муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ Юсуф Асадбеков ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.
Мусобиқа бо ҳадафи оммавияти варзиш, тақвияти тарзи ҳаёти солим ва пойдории солимии ҷомеа доир шуда, дар он варзишгарон аз шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ бо ҳам рақобат намуданд.
Дар ҷамъбаст дастаи «Хатлон» бо гирифтани 9 мақом ғолиби мутлақи мусобиқа ва соҳиби Ҷом гардид. Зинаҳои дуюму сеюмро дастаи ВМКБ бо 7 ҷой ва Суғд бо 3 ҷой соҳиб шуданд.
Ғолибон бо медалу ифтихорномаи кумита қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






