ФАРЗАНДИ ХУБ – БОҒИ ПАДАР. Натиҷагирӣ аз озмун оид ба китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, ки ба шинохти таърихи миллат мебарад

Август 29, 2021 09:07

ДУШАНБЕ, 29.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» бо иштироки доираи васеи олимону донишмандон ва коршиносон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ҷамъбасти конференсия маросими супоридани Шоҳҷоиза, ҷоизаҳо, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ ба иштирокчиён ва ғолибони маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ”, ки  аз рӯйи ду равия-байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва байни хонандагони синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор шуд, сурат гирифт.

Ғолибони мо

         Дар  маҳфил-озмун миёни донишҷӯён ва хонандагони синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ду нафар аз вилояти Хатлон ғолиб шуданд.   Мунира Бобоева — хонандаи синфи 11-и литсейи №1-и ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб ғолиби ҷойи якум, диплом, ҷоиза ва 2000 сомонӣ ва Муборакшо Юсуфов- донишҷӯйи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Данғара ғолиби ҷойи 3-юм, диплом, ҷоиза ва 1000 сомонӣ  гардиданд.

Подоши заҳмат

«Ҳеҷ муваффақият ба осонӣ ба даст намеояд. Пеш аз эълони ин маҳфил-озмун ман аллакай китоби “Тоҷикон”-ро пурра аз бар карда будам. Хушбахтона, аз байн чанде гузашт ва ин маҳфил-озмун бо ташаббуси Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Аз ин хотир суолҳо ҳам дар даври вилоятӣ ва ҳам дар даври ҷумҳуриявии озмун бароям душворӣ надоштанд. Ба ҳамаи суолҳо ба осонӣ ҷавоб гуфтам»,-изҳор медорад Мунира Бобоева  ва аз иштироки худ дар ин маҳфил-озмун бо хуршнудӣ чунин ёдовар мешавад: «Баргузории маҳфил-озмун хеле шаффоф буд. Аз иштирок дар ин озмун ва муваффақияти худ бисёр хурсандам. Фикр мекунам, ки ҳар  фарзанд, пеш аз ҳама, бояд мояи фахри падару модар бошад. Аз ин дастоварди ман падару модарам хурсанд шуданд, ман ҳамчун фарзанд аз ин ифтихор дорам. Албатта, дар ин дастовард падару модар ва устодам-Алӣ Халилов,  омӯзгори фанни таърихи Литсейи №1-и шаҳри Кӯлоб  саҳми арзанда доранд».

Мунира Бобоева мегӯяд, ки  китоби “Тоҷикон”-ро давоми 2 моҳ пурра мутолиа намудааст. Ба андешаи ӯ, ҳар нафаре, ки таърихи  миллати худро надонад, аз гузаштаи он бохабар набошад, наметавонад дар шинохти асолати худ қадамҳои устувор гузорад.

Фарзанди хуб-боғи падар

 Ин оила соҳиби 5 фарзанд аст- як писару чаҳор духтар. Аскар Бобоев – падари хонавода дар вазифаи сардори Раёсати сохтмони минтақаи Кӯлоб ва модар – Парвина Шомадова ба ҳайси ҳамшираи тиббии маркази ёрии таъҷилӣ дар шаҳри Кӯлоб фаъолият мекунанд. Фарзандони оила ҳама ботарбияву босаводанд. Ду нафар фарзандони калонӣ соҳиби маълумоти олӣ, фарзанди сеюмӣ донишҷӯ, Мунира   имсол ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил гаштаву фарзанди панҷум дар синфи 8-ум таҳсил мекунад.

Модари Мунира мегӯяд, ки ин гуна эҳсосотро тамоми модарони дунё хоҳонанд. – Беҳуда “фарзанди хуб- боғи падар” нагуфтаанд. Вақте шунидам, ки Мунира ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ шуд, ман хеле  хурсанд шудам.

«Мунира бисёр духтари меҳнатӣ ва баодоб аст. Зиёд мехонад, дар ин баробар устоди хуб ва масъулиятшинос дорад. Устодаш Алӣ Халилов доимо ӯро рӯҳбаланд мекунад. Ӯ пайваста китоб мутолиа мекунад. Як муддат бинобар ҷароҳат бардоштан 16 – рӯз бистарӣ шуд, аммо дар ин давра аз мутолиа даст накашиду баръакс бештар китоби “Тоҷикон”-ро мутолиа  намуд. Дигар фарзандонам ҳам босаводу ботарбияанд. Мо дар оила тарбияи фарзандонро дар ҷойи аввал гузоштаем»,-иброз медорад модари Мунира Бобоева.

Ифтихор аз дастовард

Ғолиби дигари маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” Муборакшо Юсуфов — донишҷӯйи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Данғара мебошад. Ӯ мегӯяд, «омӯхтани таърихи миллату давлати худ бароям хеле писанд аст ва мақсади иштирок дар чунин маҳфил-озмун- ин сайқал додани донишу малакаҳои андӯхтаам буд».

-Мақсад на ғолибият ба даст овардан, балки сайқали дониш буд ва насиб будааст, ки соҳиби ҷойи сеюм гардидам. Омӯхтани таърихи миллати худ бароям писанд аст ва аз ин хотир замони дар мактаби миёна таҳсил намуданам ҳам дар озмуну олимпиадаҳои фанни таърих фаъолона иштирок мекардам.  Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд, ҳар соҳибватане, ки гузаштаи худро намедонад, ояндаро сохта наметавонад.   Аз ғолибият дар ин озмун ифтихор дорам. Мояи сарфарозист, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин озмунҳо маҳз миёни ҷавонону наврасон роҳандозӣ мегарданд, ки албатта, дар худшиносии миллии онҳо бетаъсир нахоҳад буд»,-мегӯяд Муборакшо Юсуфов.

Сарфарозии падар

Дар оилаи Юсуфовҳо падар — Ибодулло Юсуфов ва модар Ҷамила Соҳибова чаҳор фарзандро ба камол расониданд. Фарзандон босаводу соҳибмаълумотанд, зеро дар оилаи омӯзгор тарбият ёфтаанд. Муборакшо дар донишгоҳи Данғара дар риштаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил мекунад.

Тавре Ибодулло Юсуфов, падари Муборакшоҳ гуфт, аз хурдӣ ӯ кунҷков, зирак ва ростқавл буд.    «Муаллими синфҳои ибтидоияш низ ман будам. Дар дарсҳо ҳизирҷавоб буд ва мутолиаи китобро дӯст медошт ва ин хислатҳояш аз аввал мушоҳида мешуданд. Ҳамаи фарзандонам тарбияи хуб доранд. Ман аз ин дастоварди Муборакшо хеле хушҳолам ва ифтихор мекунам. Муҳим туҳфа нест, муҳим он аст, ки дониш мегиранд, зеҳнашон инкишоф меёбад. Шукронаи давлат, шукронаи истиқлол, шукронаи Сарвари хирадманд мекунем, ки чунин шароит муҳайё шудааст, то  озмунҳо баргузор гарданд», – иброз дошт Ибодулло Юсуфов.

Дар ҳақиқат тарбияи дуруст  дар хонавода ва талқини пайвастаи фарзандон ба омӯхтани илму дониш самараи хуб ба бор меорад ва ифтихори волидайнро миёни ҷомеа боз ҳам бештар месозад.

Тадбири муфид

 Баргузории чунин озмунҳо дар тақвият бахшидани дониши насли наврас ва ҷавон мусоидати амиқ намуда, ҷиҳати шинохти таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик мусоидат менамояд. ҲХДТ ба ҷавонон ҳамчун неруи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя карда, онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдомҳои созгор ва ташаббусҳои навовар дар самти рушди илму техника ва технологияҳои муосир ва ободиву пешрафти босуботи кишвар дастгирӣ менамояд.

ҲХДТ “Сиёсати рӯй овардан ба ҷавонон”-ро, ки яке аз самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад, тавсеа бахшида, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва  фаъолияти ҷавонон тадбирҳо меандешад. Дар ин раванд бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоиста кору пайкори насли имрӯзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.

Бори дигар ёдовар мешавем, ки баъди ҷамъбасти маҳфил-озмун, ки  аз рӯйи ду равия-байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва миёни хонандагони синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ташаббуси Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар мавзӯи «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» баргузор шуд,   ғолибон муайян гардида, бо Шоҳҷоиза, ҷоизаҳо, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Саидҷаъфар АШӮРЗОД,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Август 29, 2021 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд