Хуршед Қудратов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ соҳиби медали тилло шуд
ДУШАНБЕ, 05.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Софияи Булғористон Чемпионати ҷаҳон оид ба санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ миёни наврасони аз 12 то 18-сола баргузор шуд. Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки бо иштироки варзишгарони беш аз 23 кишвари дунё сурат гирифт, ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ иштирок намуда, сазовори як медали тилло ва 4 медали биринҷӣ гардид. Медали тиллоро Хуршед Қудратов дар вазни 67 кг миёни варзишгарони 14-15-сола ба даст овард. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.
Медалҳои биринҷиро Имоил Зайниддинов дар вазни 40 кг миёни варзишгарони 12-13-сола, Аслиддини Баҳриддин, Сафиаллоҳи Маҳмадалӣ миёни иштирокчиёни 14-15-сола ва Умед Маҳмадиев дар вазни 52 кг дар синни 16-17- сола ба даст оварданд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ миёни наврасони 12-18-сола- IMMAF 2021 аз 29 июл то 1 август дар шаҳри Софияи Ҷумҳурии Булғористон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Ба ин мусобиқа аз ҷониби Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар варзишгар зери роҳбарии Даврон Ҷураев сафарбар гардида, ба дарстовардҳои назаррас ноил шуданд.
Вақти бозгашт ба Ватан парчамбардорони кишварро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат, Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ ва ҳаводорони зиёд истиқбол гирифтанд.
АКС аз ТВ «Варзиш»
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






