«КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Таҳти ин ном дар Париж Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад. Ва ё бардошт аз ҷаласаи Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО

Август 29, 2021 09:03

ДУШАНБЕ, 29.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Раиси Комиссия миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин  дар ҷаласаи навбатии  Комиссия, ки 16 август дар Душагнбе баргузор гардид, оид ба фаъолияти  он дар нимаи якуми соли 2021  гузориш дод.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки яке аз вазифаҳои асосии Комиссия дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори кишвар ворид намудани мероси фарҳангии моддӣ, ғайримоддӣ ва табиии кишвар ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад, ки мақсад аз ин тарғиб, ҳифз ва ташвиқи тамаддуни ғании миллати тоҷик ба ҷаҳониён ва ҷалби сайёҳон ба кишвар буда, бахше аз сиёсати фарҳангии пешгирифтаи давлат ба ҳисоб меравад.

«Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷониба бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мавқеи махсус дорад. Яке аз самтҳои ин сиёсат ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ба ҳисоб меравад», — гуфт Сироҷиддин Муҳриддин..

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО аҳамияти ҷиддӣ дода, амалӣ намудани лоиҳаҳоеро, ки дар рушди маориф, илм, ҳифзи мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии кишвар ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда саҳми назаррас доранд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

Воқеист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арҷ гузоштан ба арзишҳои дар масири таърих андӯхтаи тоҷикон, эҳёи хотираи таърихии миллат ва муаррифии он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муттасилу пайгирона кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Бо дарназардошти ин, давоми соли равон Комиссияи миллӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори кишвар корҳои заруриро анҷом додааст.

Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби давлати мо дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилаливу минтақавӣ парвандаи якчанд номинаҳо таҳия гардида, ба Маркази мероси фарҳанги ЮНЕСКО пешниҳод шуданд.

Дар моҳи январи соли 2021 номинаи «Роҳи Абешим: долони Зарафшон-Қароқум» дар ҳамкорӣ бо Институти байналмилалии тадқиқоти Осиёи Марказӣ (ИБТОМ) ва коршиносони миллӣ таҳия гардида, ба Рӯйхати муқаддамотии (Tentative Iist) ЮНЕСКО ворид карда шуд. Парвандаи номинаи мазкур аз нигоҳи техникӣ комил буда, ба Маркази мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ҷиҳати сабти он дар Феҳристи мероси фарҳанги ҷаҳонӣ пешниҳод гардидааст.

Маркази муҳофизати Шӯрои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳо ва ҷойҳои тамошобоб (ИКОМОС)  3-10 октябри соли 2021 боздиди коршиноси байналмилалӣ Наталя Турекуловаро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст. Ҳадаф аз боздиди кишварамон омӯзиш ва арзёбии 9 мавзеи таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, шаҳраки Ҳисорак, гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Кум, Тали Ҳамтуда, низоми обёрикунии Токсанкорез, оромгоҳи Ҳоҷамуҳаммади Башоро) ҷиҳати ворид намудани онҳо ба Феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО ҳамчун қисми силсилаҷоизаи номинаи минтақавии «Роҳи абрешим: долони Зарафшон-Қайроқум» мебошад.

Гирифтани хулосаи ҳайати арзёбии ИКОМОС яке аз талаботи калидии ворид намудани ин ё он мавзеъ ба Феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО буда, ба роҳ мондани бо Маркази мазкур ба манфиати давлат аст

Инчунин роҷеъ ба номинаи «Ҳулбук» бояд зикр намуд, ки парвандаи он ҷиҳати мутобиқгардонӣ ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг дубора коркард гардид. Пас, Комиссияи миллӣ дар якҷоягӣ бо коршиносони ИБТОМ парвандаро бо забони англисӣ тарҷума карда, ҳуҷҷати онро барои ҷавобгӯ будан ба талаботи ЮНЕСКО омода намуд. Дар натиҷа номгузории он, ки дар Рӯйхати муқаддамотӣ аз соли 1999 қайд шудааст, иваз гардид. Таҷдиди номгузорӣ барои ворид намудани номинаи Ҳулбук ба Феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО зарур шуморида буд.

Дар робита ба мероси фарҳангии ғайримоддӣ иттилоъ дода мешавад, ки Комиссияи миллӣ дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг ва дигар сохторҳои дахлдори мамлакат парвандаи номинаи муштараки «Кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ»-ро ҷиҳати ворид намудани он ба Рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО омода намудааст. Номинаи муштараки мазкур аз ҷониби кишварҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Эрон ва Узбекистон омода гардида, барои баррасӣ дар соли 2022 ба ҷониби ЮНЕСКО пешниҳод шудааст.

Илова бар ин, охири моҳи марти соли 2021 номинаи муштараки «Меҳргон», ки дар якҷоягӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон омода шуда буд, ҷиҳати баррасӣ ба Маркази мероси фарҳангии ЮНЕСКО ирсол гардид. Тибқи парвандаи ниҳоии номинаи Меҳргон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешниҳодкунанда таъйин шуда, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун кишвари ҳамроҳ дар пешниҳоди номина ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тавр, тибқи маълумоти Котиботи Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинаҳои муштараки «Ҷашни Меҳргон» (Тоҷикистон ва Эрон), «Кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ» (Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Туркия, Эрон ва Узбекистон), «Рубоб» (Тоҷикистон, Эрон ва Узбекистон), «Бозиҳои бачагона» (Тоҷикистон ва Узбекистон) ва «Латифаҳои Хоҷа Насриддин Афандӣ» (Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон), ки аз ҷониби Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар кишварҳо омода гардиданд,  соли 2022 ҷиҳати ворид шудани ба Рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО баррасӣ хоҳанд гашт.

Давоми соли 2021 Комиссияи миллӣ дар ҳамкорӣ бо Намояндагии минтақавии ЮНЕСКО дар Алмато мунтазам якчанд мулоқотҳо ва давраҳои омӯзиширо ба иштироки намояндаҳои сохторҳои гуногуни кишвар дар самтҳои маориф, фарҳанг, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ғайра баргузор намуд.

17-23 майи соли 2021 сафари Мудири Намояндагии минтақавии ЮНЕСКО хонум Криста Пиккат ба Тоҷикистон сурат гирифт. Мақсади ташрифи мазкур муҳокима ва ҳамоҳанг намудани амалисозии якчанд лоиҳаҳо дар самтҳои миллӣ ва минтақавии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон буд.

Дар доираи сафар вохӯриҳои К. Пиккат бо Вазири корҳои хориҷӣ, Вазири фарҳанг, Вазири маориф ва илм, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ сурат гирифта, якчанд лоиҳаҳои ЮНЕСКО,  ки дар Тоҷикистон татбиқ мегарданд, муаррифӣ карда шуданд.

Аз ҷумла, дар самти маориф лоиҳаи нави ЮНЕСКО таҳти унвони «Илм, технология, муҳандисӣ, риёзӣ (STEM) ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ICT) таҳия шуда истодаанд, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар ҳаҷми 7 миллион евро маблағгузорӣ гардида, муҳлати он 4 солро дар бар мегирад.

Лоиҳаи дигари ЮНЕСКО таҳти унвони «Долони мероси Роҳи абрешим дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон-ҷабҳаҳои байналмилалии соли мероси фарҳангии аврупоӣ» буда, дар чаҳорчӯби ин лоиҳа ЮНЕСКО ба рушди соҳаи сайёҳии фаромарзӣ таваҷҷуҳ хоҳад кард. ЮНЕСКО ният дорад, ки дар Боғи миллии Тоҷикистон – кӯҳҳои Помир барои рушди инфрасохторӣ ва ҷалби сайёҳон ба ин минтақа кулбаҳо бунёд намояд.

Ҳамзамон ЮНЕСКО  лоиҳаи минтақавии «Коҳиш додани осебпазирии аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз хатари кӯлҳои пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим» (GLOF) дар кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон оғоз намудааст, ки аз ҷониби Хазинаи мутобиқсозӣ (Adaptation Fund) ба миқдори 6,5 млн доллари ШМА  маблағгузорӣ мегардад. Дар доираи лоиҳа низоми нави огоҳкунонии бармаҳал (early warning system) дар минтақаҳои хатарнок дар ҳамкорӣ бо донишгоҳи Сюрихи Шветсария ба роҳ монда мешавад.

Инчунин дар чаҳорчӯби ҳамкории Комиссияи миллӣ бо Намояндаги минтақавии ЮНЕСКО дар Алмато ба ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Дар ин робита бояд зикр намуд, ки 7-11 июни соли 2021 бо ташаббуси Комиссияи миллӣ дар Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмато ва бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри  Душанбе  марҳилаи ниҳоии давраи бозомӯзӣ барои таҳия ва такмили нақшаи мудирияти ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО баргузор гардид.

Ҳадаф аз ҳамоиши мазкур, ки идомаи силсиладавраҳои омӯзишӣ дар солҳои 2019-2021 мебошад, мусоидат ба мудирони мавзеҳо ва намояндагони мақомоти маҳаллии масъули ҳифзи мероси фарҳангӣ ҷиҳати таҳия ва мудирияти нақшаи мавзеъҳо буд.

Ёдовар мешавем, ки ҳар ду сол дар доираи Барномаи иштироки ЮНЕСКО лоиҳаҳои гуногуни вазорату идораҳои кишвар ҷиҳати дастгирӣ ва дарёфти маблағгузорӣ ба ҷониби ЮНЕСКО пешниҳод мегарданд.

Соли 2020 тавассути Комиссияи миллӣ 5 лоиҳа, ки аз ҷониби сохторҳои гуногуни кишвар пешниҳод шудаанд, ба Кумитаи дахлдори ЮНЕСКО дар чаҳорчӯбаи Барномаи иштирок барои солҳои 2020-2021 пешниҳод гардиданд.

Боиси сарфарозист, ки 3 лоиҳаи зерин аз ҷониби созмони мазкур пазируфта шуда, ҷиҳати татбиқи онҳо маблағи муқарраргардида ҷудо хоҳад шуд:

  1. «Саразм-оғози тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрдории тоҷикон» (Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон);
  2. «Ҷорӣ намудани таҳсилоти мусбат ба сохтори мактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ҶДДМ «Империя знаний»);
  3. Лоиҳа барои дастгирии мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ таҳти унвони «Такмили малакаҳо баҳри ҳаёти нав» (Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи миллии Клубҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон).

Дар доираи ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО, кишварҳои узв, инчунин имкон доранд, то рӯйдодҳои таърихӣ ва бузургдошти шахсони барҷастаи худро ҷиҳати ворид намудан ба Рӯйхати бузургдоштҳои ин созмони бонуфуз пешниҳод намоянд.

Дар ин робита, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кишвари мо ҷашни 2500-солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» бо дастгирии кишварҳоии Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон барои ворид  намудан ба Рӯйхати мазкур барои солҳои 2022-2023 ба ҷониби ЮНЕСКО пешниҳод гардид.

Мояи ифихор аст, ки пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби кумитаи дахлдори ЮНЕСКО дар асоси талаботи созмон қабул гардидааст. Интизор меравад, то Рӯйхати бузургдоштҳо барои солҳои 2022-2023 дар рафти Конфронси генералӣ дар охири соли равон тадбиқ гардад.

Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби Тоҷикистону Узбекистон ташаббуси муштарак оид ба ворид намудани бузургдошти 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ ба Рӯйхати ЮНЕСКО пешниҳод шудааст. Умедворем, ки пешниҳоди мазкур низ аз ҷониби созмон пурра дастгирӣ меёбад.

Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии Созмони Ҳамкории Шанхайро бар дӯш дорад. Аз ин лиҳоз, дар чаҳорчӯби Нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати Тоҷикистон дар СҲШ бо ташаббуси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар шаҳри Душанбе аз 22 то 27 июни соли 2021 озмун оид ба арифметикаи зеҳнӣ ва робототехника миёни мактабҳои давлатҳои узви СҲШ баргузор гардид.

Комиссияи миллӣ тасмим гирифтааст, ки 6 сентябри соли равон Намоиши сеюми расмҳои кӯдакони Созмони Ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Марҳабо ба 20-солагии СҲШ»-ро бо иштироки кишварҳои узви ин созмон барпо намояд.

13 октябри соли равон Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии ҳунарҳои осиёи Гимеи шаҳри Париж таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ» оғоз гардида, то 10 январи соли 2022 давом хоҳад ёфт.

Комиссияи миллӣ ҳамоҳангсози Намоишгоҳи мазкур буда, бо дарназардошти муҳимияти омодагирии саривақтӣ ба чорабинии дар пеш истода мунтазам бо аъзои Гурӯҳи корӣ мулоқот намуда, дар рафти он раванди омодагиро ба ин чорабинӣ баррасӣ менамояд.

Аз ҷумла, ҷаласаҳои Гурӯҳи корӣ 16 март, 5 август, 9 август ва 13 августи соли равон сурат гирифта, зимни онҳо тамоми паҳлуҳои раванди тадорукотии баргузории намоишгоҳ, аз ҷумла масъалаҳои суғурта ва бандубасти нигораҳо, муайян кардан шахсони ҳамроҳ, интиқоли экспонатҳо ба шаҳри Париж, ташкил кардани экспозитсияи Тоҷикистон дар Осорхонаи Гиме ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Инчунин дар ҷаласаи охир даъват ба амал оварда шуд, то ҷиҳати ба таври васеъ таблиғ ва дар сатҳи шоиста муаррифӣ кардани дастовардҳои таърихиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ як нафар рӯзноманигор аз Фаронса ба Тоҷикистон сафар карда, оид ба омодагӣ ба ин чорабинӣ мақола нашр намояд.

Ғайр аз ин, пешниҳод карда шуд, то навори видеоӣ оид ба баргузории намоишгох дар Париж аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шуда, зимни маросими ифтитоҳӣ пахш гардад. Дар баробари ин салоҳ шуморида шудааст, то ҷиҳати ҷалби бештраи тамошобинони намоишгоҳ аз дигар давлатҳои Аврупо навори видеои мазкур тариқи расонаҳои сафаратҳои кишвар дар хориҷ паҳн карда шавад.

Ҳоло банду басти нигораҳо (211 адад экспонатҳои Осорхонаи миллӣ ва Осорхонаи бостоншиносӣ, ки барои намоиш пешбинӣ шудаанд) аз ҷониби коршиносони миллӣ дар якҷоягӣ бо гурӯҳи коршиносони фаронсавӣ таҳти роҳбарии намояндаи Осорхонаи Гиме Катя Молле ба анҷом расонида шуда истодааст. Интизор меравад, то 3 сентябри соли равон нигораҳои таърихӣ аллакай ба Фаронса интиқол дода шаванд.

Дар робита ба чорабиниҳои муҳими оянда бояд зикр намуд, ки 9-24 ноябри соли равон дар шаҳри Париж баргузории иҷлосияи 41-уми Конфронси умумии ЮНЕСКО ба нақша гирифта шудааст. Мубоҳисаҳои умумии сиёсӣ зимни иҷлосияи мазкур дар давраи аз 10 то 15 ноябри соли равон сурат хаҳанд гирифт.

Бо дарназардошти сатҳи баланди чорабинӣ ва муҳиммияти суханронии аъзои ҳайати расми кишвар дар мубоҳисаҳои умумии сиёсӣ (аз 10 то 15 ноябри соли равон) Вазорат пешниҳод менамояд, ки дар асоси таҷрибаи солҳои пештара Тоҷикистонро дар иҷлосияи мазкур Вазири корҳои хориҷӣ, Вазири фарҳанг, президенти Академияи миллии илмҳо ва котиби масъули Комиссиси миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО муаррифӣ намоянд.

Ҳамзамон иттилоъ дода мешавад, ки иҷлосияи 420-юми Шӯрои иҷроияи Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) 6 декабри соли равон ва Конфронси генералии ин созмон 8-9 декабри соли равон дар Ҷумҳурии Арабии Миср баргузор шаванд.

                                                            Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
                                                               АМИТ «Ховар»

                                                                АКС: АМИТ «Ховар»

Август 29, 2021 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд