Муштзанҳои тоҷик дар Чемпионати Осиё бар ҳарифонашон ғолиб омаданд

Август 23, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 23.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи аввали рақобатҳои Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ва ҷавонон чор варзишгари навраси тоҷик бо рақибони худ сабқат намуда, се нафар ғолиб омаданд.

 Дар ин бора аз  Федератсияи бокси Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.

Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ва ҷавонон 20 август дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб оғоз ёфта, то 30 август   идома мекунад. Аъзои дастаи мунтахаби кишвар миёни ҷавонону наврасон ба дар шаҳри Дубай АМА қарор дошта, дар ин мусобиқа ширкат доранд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 21 варзишгар, аз ҷумла 2 духтар намояндагӣ доранд. Қабл аз оғози Чемпионати Осиё миёни наврасон ва ҷавонон маросими ифтитоҳи он сурат гирифт, ки роҳбарияти Федератсияи бокси Осиё, намояндагони шаҳри Дубай ва аъзои  дастаҳои мунтахаби кишварҳои иштирокчӣ ширкат варзиданд. Дар рӯзи аввали рақобатҳо аз ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон варзишгар Юсуф Фозилов дар вазни 66кг баромад намуд, ки рақиби муштзини тоҷик Муҳаммад Абдураҳмон аз АМА маҳсуб мешуд. Фозилов дар се ҳунарнамоӣ назар ба рақибаш беҳтар ҳунарнамоӣ кард ва доварон бо бартарии калони 5:0 ғалабаро бар варзишгари тоҷик доданд. Ҳамин тавр Юсуф Фозилов миёни муштзанҳои наврас ба марҳилаи навбатӣ баромад.

Муштзани дигари тоҷик, узви  дастаи мунтахаби бокси наврасони кишвар Нурланбек Эрматов дар даври аввали вазни 75кг бо варзишгар аз Ҷумҳурии Қирғизистон Азинбеков Азимбек рӯи ринг баромад. Сабқати ин ду муштзан низ ҷолиб сурат гирифт ва боксчии мо барои ғалаба муборизаи зиёд бурд. Аз ибтидои сабқат то анҷом Нурланбек Эрматов бар ҳарифи қирғизистонии худ бартарии комил нишон дода, тавонист зарбаҳои худро ба нишон расонад. Ин буд, ки дар ниҳоят доварон бо ҳисоби 5:0 ғалабаро ба варзишгари тоҷик мансуб донистанд. Ҳоло Нурланбек Эрматов низ муборизаро барои дарёфти унвони қаҳрамонии Осиё идома медиҳад.

Намояндаи дигари Тоҷикистон дар вазни 80кг Акмалҷон Абдувалиев дар рақобати аввалини худ бо намояндаи кишвари Ҳиндустон Рашид Сингх вохӯрд. Муштзани тоҷик дар ин рақобат бо истифода аз маҳорат ва ҳунари худ зарбаҳои нишонрас зад, аммо рақиби ҳиндустонияш низ барои ғалаба муборизаи сахту сангин анҷом дод. Дар ниҳоят баъд аз се пайти майдондорӣ муштзани тоҷик бо ҳисоби 3:2 пирӯз дониста шуда, ба даври дигар баромад. Баъд аз рақобати Акмалҷон Абдувалиев навбат ба духтарон расид.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби бокси наврасони Тоҷикистон ду духтар низ ба шаҳри Дубай сафар намудаанд. Фариза Ёқубова дар вазни 46кг ба майдон баромада, мутаассифона, дар рақобати  аввалини худ аз варзишгари қазоқ Юлианур Турга мағлуб ва аз идомаи мубориза бенасиб гардид.

                                                                    АКС  аз КМО Тоҷикистон

Август 23, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт
Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид
Ба дастаи «Сардор» медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 супорида шуданд
Мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик Шариф Назаров дар 80-солагӣ аз олам даргузашт
Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад
Нуралӣ Арабзода раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб карда шуд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу ба Бозиҳои Осиёӣ омодагӣ мебинад