«Ню-Йорк таймс»: Толибон аз занҳо даъват карданд, ки дар хона бимонанд, зеро ҷангиён барои муомила бо онҳо таълим нагирифтаанд

Август 26, 2021 11:45

ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳаракати радикалии  «Толибон»* аз занони коргари афғон даъват кардааст, ки барои таъмини амнияти худ аз хонаҳояшон берун нараванд. Дар ин бора котиби матбуотӣ Забеҳуллоҳ Муҷоҳид изҳороти дахлдор манзур намудааст, иттилоъ  медиҳад  New York Times.

«Мо аз он нигарон ҳастем, ки неруҳои мо дар мавриди чӣ гуна муносибат кардан бо занон омӯзиш нагирифтаанд. Мо намехоҳем, ки неруҳои мо, Худо накунад, ба занон осеб расонанд ё онҳоро таъқиб кунанд»,- гуфт мавсуф.

Ҳамзамон сухангӯи толибон инро як амали муваққатӣ номида, ваъда дод, ки маоши занони коргар дар хона пардохт карда мешавад.

Ҷангҷӯёни «Толибон»* 15 август, вақте пойтахти мамлакат- Кобулро ишғол карданд, аз забти қудрат дар Афғонистон хабар доданд. Пас аз он ҳазорон шаҳрвандон талош карданд, ки кишварро тарк намоянд. Баъзеҳо тавонистанд фирор кунанд, аммо афғонҳои зиёде бар асари издиҳом дар фурудгоҳ ҷон доданд.

Каме пештар, 24 август, сухангӯи толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфта буд, ки тарки Афғонистон танҳо то 31 август имконпазир хоҳад буд.

Пас аз он роҳи хуруҷ аз кишвар баста мешавад.

                                                                            АКС: focus

________________________________________

 *«Толибон» ҳаракатест, ки дар Тоҷикистон, Русия ва якчанд давлати  дигар мамнӯъ аст.

Август 26, 2021 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати мамлакат оид ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм баррасӣ карда шуд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид