«Ню-Йорк таймс»: Толибон аз занҳо даъват карданд, ки дар хона бимонанд, зеро ҷангиён барои муомила бо онҳо таълим нагирифтаанд
ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаракати радикалии «Толибон»* аз занони коргари афғон даъват кардааст, ки барои таъмини амнияти худ аз хонаҳояшон берун нараванд. Дар ин бора котиби матбуотӣ Забеҳуллоҳ Муҷоҳид изҳороти дахлдор манзур намудааст, иттилоъ медиҳад New York Times.
«Мо аз он нигарон ҳастем, ки неруҳои мо дар мавриди чӣ гуна муносибат кардан бо занон омӯзиш нагирифтаанд. Мо намехоҳем, ки неруҳои мо, Худо накунад, ба занон осеб расонанд ё онҳоро таъқиб кунанд»,- гуфт мавсуф.
Ҳамзамон сухангӯи толибон инро як амали муваққатӣ номида, ваъда дод, ки маоши занони коргар дар хона пардохт карда мешавад.
Ҷангҷӯёни «Толибон»* 15 август, вақте пойтахти мамлакат- Кобулро ишғол карданд, аз забти қудрат дар Афғонистон хабар доданд. Пас аз он ҳазорон шаҳрвандон талош карданд, ки кишварро тарк намоянд. Баъзеҳо тавонистанд фирор кунанд, аммо афғонҳои зиёде бар асари издиҳом дар фурудгоҳ ҷон доданд.
Каме пештар, 24 август, сухангӯи толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфта буд, ки тарки Афғонистон танҳо то 31 август имконпазир хоҳад буд.
Пас аз он роҳи хуруҷ аз кишвар баста мешавад.
АКС: focus
________________________________________
*«Толибон» ҳаракатест, ки дар Тоҷикистон, Русия ва якчанд давлати дигар мамнӯъ аст.








МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Бо сокинони шаҳри Конибодом дар мавзуи худогоҳию худшиносии миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Дар мавзуи «Худогоҳию худшиносии миллӣ – василаи мубориза бо таассуб ва хурофот» бо сокинони шаҳри Исфара вохӯрӣ доир шуд
Кормандони Суди конститутсионии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоати шаҳри Турсунзода вохӯрӣ намуданд
Дар шаҳри Турсунзода оид ба шарҳи роҳҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм вохӯрӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Дар Палатаи ҳисоб оид ба экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии он машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд






