Шаҳри Душанбе мизбони бозиҳои ду гурӯҳи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни мунтахабҳои футболи занон интихоб шуд

Август 22, 2021 09:45

 ДУШАНБЕ, 22.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи баргузории ду гурӯҳи мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё -2022 байни дастаҳои мунтахаби занона, ки дар даҳаи дуюми моҳи сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, тасдиқ кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федертсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё -2022 байни тимҳои миллии занона дар гурӯҳи “В” бо ширкати тимҳои Ветнам, Тоҷикистон, Молдив ва Афғонистон аз 24 то 29 сентябр дар Душанбе баргузор мешаванд. Ҳамчунин дар Варзишгоҳи марказии Душанбе аз 25 то 30 сентябр бозиҳои гурӯҳи «С» баргузор мешаванд, ки дар он дастаҳои мунтахаби занонаи Сингапур, Ироқ ва Индонезия ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 20 январ то 6 феврал дар Ҳиндустон баргузор мешавад, ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ шомил хоҳанд шуд. Се дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё -2018 — Ҷопон, Австралия ва Чин — аз бозиҳои интихобӣ барои ба даст овардани мустақим ба Чемпионати Осиё -2022 озод карда шуданд. Ҳиндустон ҳамчун мизбони Ҷоми Осиё -2022 аз сабқати интихобӣ озод карда шуд.

Мусобиқаи интихобӣ барои Ҷоми Осиё -2022 байни дастаҳои мунтахаби занона

 Гурӯҳи «В»

Иштирокчиён: Ветнам, ТОҶИКИСТОН, Малдив, Афғонистон.

Даври 1-ум

 23 сентябр (панҷшанбе)

17:00 – Ветнам – Афғонистон

20:00 – ТОҶИКИСТОН – Малдив

Даври 2-юм

 26 сентябр (якшанбе)

17:00 – Малдив – Ветнам

20:00 – Афғонистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 3-юм

 29 сентябр (Чоршанбе)

17:00 – Малдив – Афғонистон

20:00 – Ветнам – ТОҶИКИСТОН

Гурӯҳи «С»

Иштирокичён: Сингапур, Ироқ, Индонезия.

Даври 1-ум

 24 сентябр (ҷумъа)

18:00 – Индонезия – Сингапур

Даври 2-юм

27 сентябр (душанбе)

18:00 – Ироқ – Индонезия

Даври 3-юм

 30 сентябр (панҷшанбе)

18:00 – Сингапур – Ироқ

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар гурӯҳҳои «В» ва «С» дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

 АКС аз ФФТ

Август 22, 2021 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд