Сокинони ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Шаҳринав бо ваксинаи «Мoderna» эм карда мешаванд

Август 5, 2021 11:46

ШАҲРИНАВ, 05.08.2021 /АМИТ«Ховар»/. Имрӯзҳо миёни шаҳрвандони шаҳру навоҳии мамлакат маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории сироятии коронавируси нави  COVID-19  идома дорад. Тибқи иттилои муовини директори Маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ Насрулло Асомиддинов, ба ин ноҳия беш аз 80 ҳазор вояи ваксинаи «Мoderna» ворид гардидааст, ки то ҳол дар ду нуқтаи эмгузаронии маркази саломатии ноҳия ва бунгоҳҳои тиббию марказҳои саломатии деҳот зиёда аз 10 ҳазор нафар шаҳрвандони ноҳия бо ин ваксина фаро гирифта шуданд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ба ин маърака кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва тамоми кормандони соҳаи тандурустии ноҳия сафарбар гардида, миёни мардум оид ба аҳамияти ин ваксина дар пешгирии бемории коронавирус ва фоидаҳои он ба саломатии инсон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.

Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Маркази саломатии ноҳияи Шаҳринав Толиб Ахмедов изҳор дошт, ки бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 аз тарафи Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 ҳазор воя ваксинаи «Модерна»-и истеҳсоли ширкати «Модерна Инк»-и ИМА ба ноҳия ворид гардида, то имрӯз зиёда аз 4500 нафар шаҳрвандони ноҳия аз ин  ваксина истифода намудаанд. Дар як давраи кӯтоҳ дар ноҳия омӯзгорону донишҷӯён ва шаҳрвандони калонсолу хоҳишманд сари вақт бо ваксина эм карда мешаванд.

Хосиятхола Саидамирова сокини деҳаи Навободи Ҷамоати деҳаи  Сабои ноҳияи Шаҳринав гуфт, ки “ман зани 75-сола мебошам, ба хабарҳои дурӯғини интернету мардум нисбат ба истифодаи ваксина бовар накардаму аз ин ваксина истифода намудам. Айни замон саломатиям хуб буда,  худамро нағз ҳис мекунам. Аз ин рӯ аз насли калонсолу сокинони ҷумҳурӣ даъват мекунам, ки барои нигоҳдории саломати худ ва дигарон аз ин ваксина истифода намоед. Чунки саломатӣ аз ҳама чизи дунё болотар меистад”.

Сартабиби Маркази саломатии деҳоти Баҳористони ноҳияи Шаҳринав Гулдаста Шарифзода гуфт, ки дар рӯзҳои аввали ин маъракаи эмгузаронӣ шаҳрвандон кам аҳамият медоданд, вале бо гузашти рӯзҳо шаҳрвандон аҳамияти истифодаи ин ваксинаро дар пешгирӣ ва мубтало нашудан ба бемории COVID-19 дарк намуда, имрӯзҳо оилавӣ омада, аз он истифода менамоянд.

 

Акс аз АМИТ «Ховар»

Август 5, 2021 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»